ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУСУЛМОНОН. Сулаймон Давлатзода бар ин назар аст, ки Тоҷикистон бояд ҳамкориро бо Россия дар соҳаи дин тақвият бахшад
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамкорӣ дар соҳаи дин миёни Тоҷикистон ва Россия ба роҳ монда шудааст, аммо онро бояд тақвият дод. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дар Форуми XVIII байналмилалии мусулмонон, ки 8 декабр дар Москва доир гардид, зимни суҳбат бо мухбири ТАСС ин гуна баён дошт.
«Мо эҳсос мекунем, ки ҳукуматҳои ҳарду кишвар қариб ҳамеша омодаанд ба манфиати ҷавонон ҳамкорӣ кунанд. На танҳо дар соҳаи дин, балки дар дигар соҳаҳо низ. Мо аллакай ҳамкорӣ дорем [дар соҳаи дин— тавзеҳи ТАСС], танҳо онро бояд вусъат бахшид», — гуфт ӯ.
Давлатзода афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ рушд меёбад, аз ҷумла дар самти дин. «Дар мавриди саёҳати динӣ мо воқеан стратегияи рушди сайёҳӣ дорем ва Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаҳоро на танҳо дар соҳаи сайёҳии динӣ, балки сайёҳии экологӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ низ дастгирӣ мекунад», — афзуд ӯ дар охир. Зимнан, тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, моҳи ноябри соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми минтақавии рушди сайёҳӣ баргузор гардид, ки дар он коршиносону намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон иштирок доштанд.
Форуми XVIII байналмилалии мусулмонон «Адолат ва эътидол: принсипҳои илоҳии низоми ҷаҳон» ба 1400-умин солгарди ҳиҷрати Паёмбар Муҳаммад (с) ва 1100-умин солгарди расман пазируфтани ислом аз ҷониби мардуми Хонигарии Булғор бахшида шуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КОҲИШИ ХАТАРИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии хатари офатҳо беш аз 60 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст
Конференсияи илмӣ оид ба саҳми экспедитсияи бостоншиносӣ дар омӯзиши Панҷакенти қадим баргузор мегардад
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Рӯзи дарҳои кушоди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Камҳаракатӣ барои пайдоиши бемориҳои гуногун замина фароҳам меорад






