ФОРУМИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА РОССИЯ. Киностудияҳо ва филармонияҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Декабрь 12, 2022 12:54

ДУШАНБЕ, 12.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. 10 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши «Тоҷикистон-Россия: муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона» баргузор шуд. Дар маросими ифтитоҳи форум намояндагони вазоратҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Россия, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Россотрудничество», муассисаҳои таълимии мусиқӣ ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.

«Ҳамкории фарҳангӣ бо Россия анъанавӣ ва ғанӣ буда, мо ба рушд ва таъмиқи ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоем», — гуфт муовини аввали Вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён.

Ба зикри ӯ, ҳамкории фарҳангӣ ва башардӯстона миёни ду кишвар ба самти мусбат рушд карда, миёни ҳукуматҳо бисёр санадҳои муҳим ба имзо расидаанд. Шаклҳои асосии ҳамкорӣ дар ин самтро ӯ барномаҳои сайру намоишӣ, лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ ва таълимӣ, омӯзиш, инчунин дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангии русзабонон дар ҷумҳурӣ номид. «Дар Тоҷикистон фарҳанги аслии миллии мардуми русро, ки бо гуногунрангии этникии худ машҳур аст, хуб медонанд, дӯст медоранд ва қадр мекунанд. <…> Муколамаи байнифарҳангӣ миёни Россия ва Тоҷикистон бояд тавассути маориф, илм ва фарҳанг, ҳифзи мероси муштараки фарҳангии кишварҳоямон сурат бигирад ва баргузории чунин ҳамоишҳо ба равандҳои ҳамгироӣ миёни кишварҳоямон мусоидат мекунад», — таъкид кард Назариён.

Дар ин ҷо инчунин намоишгоҳи Осорхонаи этнографии Россия «Ҷаъбаи ҷавоҳирот. Ороиши анъанавии халқҳои Россия» ифтитоҳ гардид. Ба гуфтаи директори осорхона Юлия Купина, маҳз осорхонаҳо нигаҳбони мероси бузурге мебошанд, ки ояндаро таъмин мекунад. «Дар намоишгоҳ осори ҳунарҳои мардумони мухталифи муқими қаламрави Россия ба маърази тамошо гузошта шудааст», — гуфт ӯ ва афзуд, ки аллакай бо Осорхонаи миллии Тоҷикистон лоиҳаҳои муштарак баррасӣ мешаванд.

Дар навбати худ Сафири Россия дар Тоҷикистон Семён Григорйев изҳор дошт, ки ҳамкории фарҳангии ҳарду кишвар заминаи хубест дар шакли ҷомеаи фарҳангӣ ва гузаштаи муштараки таърихӣ, анъанаҳои наздики фарҳангӣ. «Ифтитоҳи намоишгоҳи имрӯза боз як имконест, то ба сарватҳои фарҳангии Россия ва наздикии халқҳои мо назар андозем, бори дигар хулоса кунем, ки ҳамкории ҳамаҷонибаи мо имрӯз хуб буда, ояндаи дурахшон дорад», — таъкид кард сафир.

Форуми Тоҷикистон ва Россия дар чаҳорчӯби чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди барқарории робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвар баргузор шуд. Барои баргузории он дар ҷараёни мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Россия Олга Любимова охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Маскав тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ба ҳайати Россия бо сардории муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Надежда Преподобная вазирони фарҳанги Бошқирдистон ва Бурятия, ректорони ГИТИС (Институти санъати театрии Россия), донишкадаҳои фарҳангӣ, консерватория, донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мусиқии Федератсияи Россия шомиланд. Дар ҷараёни ҳамоиш муаррифии минтақаҳои Россия оид ба татбиқи сиёсати ҷавонон дар соҳаи фарҳанг баргузор гардида, масъалаҳои ҳамкории байниминтақавӣ ва байналмилалии ҷонибҳо баррасӣ гардиданд.

Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш миёни киностудияҳо ва филармонияҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

ДАР АКС: Форуми «Тоҷикистон-Россия: Муколамаи байнифарҳангӣ ва фазои умумии башардӯстона», ки 10 декабр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид


«Ҳуҷҷатҳои имзошуда аллакай нақшаҳои воқеӣ барои ояндаи наздик мебошанд», хабар дод ба ТАСС муовини вазири фарҳанги Россия, роҳбари ҳайати Россия Надежда Преподобная дар форум. Ба гуфтаи вай, намояндагони Бошқирдистон худро фаъол нишон дода, давоми ду рӯз якҷоя бо ҳамкорони тоҷики худ нақшаҳоро муайян кардаанд. «Ин аз он бармеояд, ки муассисаҳои фарҳангии Бошқирдистон аллакай санадҳои расмӣ оид ба ҳамкорӣ бо муассисаҳои фарҳангии Тоҷикистонро имзо кардаанд ва ман бовар дорам, ки ин намунаи хуб хоҳад буд. Мо ҳам муассисаҳои зертобеъ ва ҳам минтақаҳоро овардем ва имкон пайдо мешавад, ки дар бораи иқтидори минтақаҳои Россия маълумот гирем. Ман фикр мекунам, ки мо ҳавасманд мешавем ва боз бисёр ҳуҷҷатҳои ба ин монанд амалӣ карда мешаванд»,- афзуд ӯ.

Дар маросими имзои созишнома Директори Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»-и Тоҷикистон Маҳмадсаид Шоҳиён ва «Студияи Бошқирдистон» ба номи ба номи С. Абдразоқов Юнир Аминев, инчунин роҳбарони Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. А.Ҷӯраев Кароматулло Раҳимзода ва филармонияи ба номи X. Ахметов аз Бошқирдистон Илшат Фахертдинов иштирок намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

ДАР АКСИ БОЛО: мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшо Гулмаҳмадзода бо Вазири фарҳанги Россия Олга Любимова моҳи апрели соли 2022 дар Москва.

Декабрь 12, 2022 12:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Шоири халқии Тоҷикистон Доро Наҷот аз олам даргузашт
ДАСТОВАРДИ ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Китобхонаи миллии Тоҷикистон иқтидори нигоҳдории то 10 миллион нусха китобро дорад
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ»-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хати форсӣ рӯнамоӣ гардид
Олимони Ҳиндустон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои беназир ва бозёфтҳои нодири бостоншиносӣ шинос шуданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони «Меъмори кохи бузурги маънавӣ» китоб нашр шуд
ЭҲЁИ ҶАШНҲОИ МИЛЛӢ ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Ва ё мақоми байналмилалиро соҳиб гардидани онҳо
СИНАМОИ ТОҶИК ДАР 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра беш аз 300 филм ба навор гирифта шудааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «24 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабт гардидааст»
Президенти Тоҷикистон: «Мо барои арҷгузорӣ ба арзишҳои асили тамаддуни тоҷикону форсизабонон иқдомоти муассирро амалӣ намудем»
ШЕЪР ВА ИСТИҚЛОЛ. Назми муосири тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар сафи пеши худшиносии миллӣ ва ҳаракати ваҳдати миллӣ қарор гирифт
Кормандони соҳаи фарҳанг бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд