ФУТБОЛ. Беҳтарин бозигар дар соли 2022 Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дониста шуд
ДУШАНБЕ, 13.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 13 декабр дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупории Лигаи футболи Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он беҳтаринҳо аз рӯи натиҷаи мавсими гузашта эълон шуданд, Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар маҷмӯъ, дар ин рӯз ғолибон аз рӯи понздаҳ номинаи Лигаи олии Тоҷикистон, чемпионати кишвар миёни дастаҳои Лигаи якум ва чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои ҷавонони Лигаи олӣ маълум шуданд. Инчунин ба беҳтарин нишонзанҳои Лигаи олӣ ва якум ва чемпионати кишвар миёни ҷавонон ҷоизаҳо тақдим карда шуданд.
Рӯйхати номзадҳо ба ҷоизаҳои инфиродии Лигаи футболи Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2022:
Худойдод Узоқов аз дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ «Беҳтарин бозингари Лигаи якум дар соли 2022» дониста шуд. Тоҳир Муъминов аз дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ «Беҳтарин мураббии Лигаи якум дар соли 2022» интихоб гардид.
Паҳлавон Баҳризода аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин бозигари Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон дар соли 2022» интихоб гардид.
Фарҳод Холбеков аз дастаи футболи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода «Беҳтарин мураббии Чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон дар соли 2022» интихоб гардид.
Гулмуроди Саъдулло аз шаҳри Душанбе «Беҳтарин довар дар соли 2022» дониста шуд.
Рустам Ятимов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин дарвозабон дар соли 2022» интихоб гардид.
Аҳтам Назаров аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин ҳимоятгар дар соли 2022» интихоб шуд.
Тоҳирҷон Тағойзода аз дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар «Беҳтарин нимҳимоятгар дар соли 2022» дониста шуд.
Ҷаҳонгир Эргашев аз дастаи футболи «Хуҷанд» -и шаҳри Хуҷанд «Беҳтарин ҳамлагар дар соли 2022» гардид.
Самуэл Офори аз дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб «Беҳтарин легионер дар соли 2022, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад», интихоб гардид.
Алишер Тӯхтаев аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин мураббӣ дар соли 2022» эълон гардид. Манучеҳр Ҷалилов аз дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе «Беҳтарин бозингар дар соли 2022» интихоб гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар охир ғолибон аз ҷониби Лигаи футболи Тоҷикистон бо мукофотҳо ва сипосномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол моҳҳои сентябр ва октябр дар сафар се бозии дӯстона баргузор мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 31 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
ФУТБОЛ. 31 август марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни мунтахабҳои ҷавонони то 20-сола оғоз мешавад
Сармураббии нави дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таъйин гардид
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бозии дуюми санҷиширо бо дастаи Лубнон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии якуми санҷишӣ бар дастаи Лубнон пирӯз шуд
Ҳайати васеи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои бозиҳои дӯстонаи моҳҳои сентябр ва октябр эълон гардид
Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол барои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муайян шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) оид ба футбол бо дастаи Лубнон бозии санҷишӣ баргузор мекунад
Самбочиёни Клуби марказии варзиши артиши Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар Москва соҳиби ду медали биринҷӣ шуданд
«ФУТБОЛ ВА РУШДИ ОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН». Таҳти чунин унвон китоби иттилоотӣ-омӯзишӣ нашр гардид
Мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) 12 медал ба даст овард






