ФУТБОЛ. Дар Душанбе ҷамъомади тамринии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оғоз ёфт

Декабрь 20, 2022 16:05

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар шаҳри Душанбе ҷамъомади якҳафтаинаи тамринӣ оғоз кард, хабар медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Сармураббии дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Мубин Эргашев ба ин ҷамъомад 24 бозигар – 2 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби яккачини ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ду бозии санҷишӣ анҷом медиҳад. Вохӯриҳои рафиқона 21 ва 24 декабр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.

Мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои мунтахаби олимпии то 23-сола моҳи cентябри соли оянда доир мегардад.

Ҳайати дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) барои ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Душанбе чунин аст:

Дарвозабонҳо: Муҳриддин Ҳасанов, Олимҷон Ҷӯраев (ҳарду – «Истиқлол»);

Ҳимоятгарон: Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Сиёвуш Ҳабибуллоев («Тӯрон», Узбекистон), Алиҷон Кароматуллозода («Истиқлол»), Фирдавс Алиназаров («Хатлон»), Ҷонибек Шарипов (КМВА), Шаҳзод Давлатов (бе даста);

Нимҳимоятгарон: Масрур Қиёмиддинов («Нафтан», Беларус), Шарифбек Раҳматов («Тӯрон», Узбекистон), Тоҳирҷон Тағойзода («Хатлон»), Шуҳрат Элмуродов («Регар-ТадАЗ»), Паҳлавон Баҳризода, Шуҳрат Шоҳназаров, Муҳаммад Муҳаммадзода (ҳама аз «Истиқлол»), Алишер Шукуров («Куктош»), Умедҷон Холиқов (КМВА);

Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Ислоч», Беларус), Рустам Соиров («Левадия», Эстония), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Муҳаммад Гулаев («Куктош»), Амирҷон Худойдодов («Ҳосилот»).

Сармураббӣ – Мубин Эргашев.

Акс: ФФТ

Декабрь 20, 2022 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид