ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон дар бурсҳо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА иштирок доранд

Декабрь 27, 2022 08:37

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) нахустин курси муқаддимавии таълимиро барои доварони Тоҷикистон баргузор кард, ки ҳадафаш ошноӣ бо шартҳои муқаддимавии кор бо системаи VAR мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Давоми панҷ рӯз инструктори варзидаи ФИФА Фарҳод Абдуллоев аз Узбекистон барои доварони Тоҷикистон дар бораи сохтори бунёдии системаи мазкур ва принсипҳои истифодаи наворҳои такрорӣ дар бозиҳо як силсила лексияҳои онлайнӣ хонд. Бо ин бурс раванди омӯзиши пурраи доварони мо барои гирифтани иҷозатномаи VAR аз ФИФА оғоз шуд. Дар семинари онлайнӣ ду довар аз Қирғизистон – Вероника Бернатская ва Дайирбек Абдилдаев низ ширкат доранд.

Қобили зикр аст, ки аз соли оянда дар бозиҳои Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад. Ҳоло департаменти доварон ва нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон барои татбиқи системаи VAR дар кишвар аз панҷ марҳила яктоашро гузаштааст. Холо марҳалаи дигар – тартиби тайёр кардани доварҳо ҷараён дорад.

Акс: ФФТ

Декабрь 27, 2022 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали рамзии паралимпичиёни Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид