ФУТБОЛ. Соли 2022 дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон 96 бозии байналмилалӣ анҷом додаанд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар маҷмӯъ, соли 2022 дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон оид ба футбол 96 бозии байналмилалӣ анҷом доданд, ки нисбат ба соли гузашта 58 бозӣ зиёд аст. Дар ин бора 1 декабр дар ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон зикр гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ФФТ.
Дар ҷаласаи шӯрои кумитаи техникӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори техникӣ Салоҳиддин Ғафуров, роҳбарони департаментҳои дастаҳои миллӣ, доварон ва нозирон, маркетинг, шуъбаи таълими техникии ФФТ, директорони Лигаи футболи кишвар, Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувон ва Лигаи футзали Тоҷикистон, инчунин роҳбарони федератсияҳои футболи минтақавӣ ширкат карданд.
Дар вохӯрӣ масъулин оид ба корҳои анҷомдода ва натиҷаҳои бадастоварда дар соли равон ҳисобот дода, нақшаҳои худро барои соли 2023 баён намуданд.
Зимнан зикр гардид, ки имсол якбора чаҳор дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон – дастаи яккачини кишвар, дастаи мунтахаби ҷавонон (U-20), наврасон (U-17) ва футзал тавонистанд ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёбанд.


Соли 2022 доварони Тоҷикистон дар 82 вохӯрии байналмилалӣ кор карданд. Дар маҷмӯъ, имсол доварон дар 1658 бозии расмии кишвар, аз ҷумла бозиҳои лигаҳои олӣ, якум, дуюм, чемпионати Тоҷикистон миёни ҷавонон, лигаҳои наврасон, вохӯриҳои лигаҳои бонувон, футзал ва дигар мусобиқаҳо адои вазифа намуданд. Аз соли оянда дар бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистон системаи видеодовар (VAR) ҷорӣ карда мешавад.
Имсол таҳти сарпарастии Лигаи футболи кишвар, Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон, Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ва Лигаи футзали Тоҷикистон роҳандозии мусобиқаҳои гуногун афзоиш ёфт.
Бо ташаббуси департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон соли 2022 ҳудуди бист курсу семинарҳои таълимӣ барои мураббиён гузаронида шуд. Қарор аст соли оянда дар шаҳри Душанбе дар доираи барномаи таълимии литсензияи «Pro» курсҳои мураббигӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Шуъбаи маркетинги ФФТ низ фаъолияти пурсамар анҷом дод. Дар соли 2022 дар Тоҷикистон даҳ мусобиқаи байналмилалӣ таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Осиё ва Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор гардид.
Илова бар ин, дар ҷаласаи васеи шӯрои кумитаи техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар шакли муколамаи ошкоро сурат гирифт, иштирокчиён масъалаҳои муҳимеро, ки дар ояндаи наздик бояд ҳал шаванд, тарҳрезӣ намуданд.
Акс: ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Паҳлавонони Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалии «Zagreb Grand Prix» оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамоянд
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад






