Галаи гургҳо дар ноҳияи Роштқалъа 28 cap бузу гӯсфандро нобуд кардааст
ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр дар чарогоҳи кӯҳӣ, воқеъ дар деҳаи Сежд дар наздикии минтақаи Девлохи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи ҳамлаи галаи гургҳо 28 cap чорвои майда талаф ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Кумита бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба сокинони деҳоти ноҳияҳои кӯҳӣ якчанд тавсия дод.
Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки чарондани озоди чорво бидуни чӯпон қобили қабул нест ва шабона чорво бояд дар ҳавлӣ ва ё оғилхонаҳо ҷой дода шавад. Атрофи оғилхонаҳо ва ё маконҳои дигари нигоҳдории чорво бояд бо симтӯр ё девори баландияш на кам аз 2,5 метр маҳкам карда шавад. Ин иҳотагирӣ чорворо аз роҳёбии дарандаҳо, аз ҷумла гургу бабри барфӣ ҳимоят мекунад.
Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чунин меҳисобад, ки зарур аст чорвои дар пайи ҳамлаи дарандаҳо талафёфта сӯзонида, нобуд карда шавад.
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






