Галаи гургҳо дар ноҳияи Роштқалъа 28 cap бузу гӯсфандро нобуд кардааст

Декабрь 12, 2022 16:56

ДУШАНБЕ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  11 декабр дар чарогоҳи кӯҳӣ, воқеъ дар деҳаи Сежд дар наздикии минтақаи Девлохи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар пайи ҳамлаи галаи гургҳо 28 cap чорвои майда талаф ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кумита бо мақсади ҳифзи чорво аз ҳамлаи ҳайвоноти дарранда ба сокинони деҳоти ноҳияҳои кӯҳӣ якчанд тавсия дод.

Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки чарондани озоди чорво бидуни чӯпон қобили қабул нест ва шабона чорво бояд дар ҳавлӣ ва ё оғилхонаҳо ҷой дода шавад. Атрофи оғилхонаҳо ва ё маконҳои дигари нигоҳдории чорво бояд бо симтӯр ё девори баландияш на кам аз 2,5 метр маҳкам карда шавад. Ин иҳотагирӣ чорворо аз роҳёбии дарандаҳо, аз ҷумла гургу бабри барфӣ ҳимоят мекунад.

Ҳамчунин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ чунин меҳисобад, ки зарур аст чорвои дар пайи ҳамлаи дарандаҳо талафёфта сӯзонида, нобуд карда шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 12, 2022 16:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Кӯшиши интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар дар сарҳади ҷанубии Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд
Дар конфронси байналмилалӣ масъалаи ташаккули дониши кӯдакон оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ баррасӣ мегардад
Вазири мудофиаи Тоҷикистон дар Машварати навбатии вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Вазири адлияи Тоҷикистон дар ҷаласаи нуздаҳуми Шурои вазирони адлияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АРТИШИ МИЛЛӢ НА ТАНҲО ҚУДРАТИ ҲАРБӢ, БАЛКИ РАМЗИ ВАҲДАТ АСТ. Андешаҳои Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар Вохӯрии 20-уми котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СҲШ дар Пекин иштирок намуд
Қочоқи калони маводи мухаддир дар сарҳад бо Афғонистон пешгирӣ карда шуд
Дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ қочоқи беш аз 90 кг маводи мухаддир пешгирӣ гардид
Дар Хатлон гурӯҳи ҷиноятии фаромиллӣ бо 102 кг маводи нашъаовар дастгир шуд
Юсуф Раҳмон дар ҷаласаи навбатии Кумитаи Котибони шуроҳои амнияти давлатҳои аъзои СААД ва Вохӯрии дуюми Котибони шуроҳои амнияти Осиёи Марказӣ-Русия иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи амнияти САҲА дар Вена иштирок намуд
Дар шаҳри Турсунзода 70 кг маводи нашъаовар мусодира карда шуд