ИДИ ҲОСИЛ, ҶАШНИ МЕВАЮ САБЗАВОТ НИЗ НИШОНАИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ ХАЛҚ АСТ. Вокуниши хабарнигорони АМИТ «Ховар» ба изҳороти бемантиқи олим Луқмон Бойматов

Декабрь 8, 2022 12:16

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Зимистон омад! Иди Меҳргон ҳам гузашт, дар пеш боз як ҷашни бостонии тоҷикон – Сада истодааст, ки охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад. Вожаи «сада» аз вожаи «сад» гирифта шуда, рамзи сад шабу рӯзест, ки то фарорасии Наврӯз боқӣ мемонад. Чун ҳоло то таҷлили ин ҷашн  тақрибан ду моҳ фурсат дорем, айни вақти посух додан ба суханони профессор Луқмон Бойматов аст, ки ҳоло дар Шветсия зиндагӣ мекунад.

Луқмон Бойматов 29 августи соли 2022 дар як мусоҳиба ба пойгоҳи таҳлилии «Ойина» чунин изҳор намудааст: «Бо камоли таассуф, олимони тоҷик, бухусус муаррихони даврони ахир дар мавриди омилҳо ва унсурҳои муттаҳидкунандаи тамоми тоҷикони ҷаҳон камтар таваҷҷуҳ кардаанд, фориғболии мо нисбат ба ин мавзӯъ мафкураи моро ба ҳадде расонидааст, ки мо дурӯғҳоро ба ҷойи ростӣ пазируфтаем. Бо итминон мегӯям, омилҳо ва унсурҳои муттаҳидкунанда дар таърихи гузаштаи миллат, аз он чӣ ки имрӯз ба гунаи сунъӣ барои ҷомеаи мо месозанд, бештару беҳтаранд. Ҷашнвораҳои «Иди харбуза», «Иди зардолу», «Иди картошка», «Чакомаи гесӯ» ва ғайра моҳиятан ба унвони масхараи маърифати инсонианд. Ҷомеаи мо ба баргузории чунин ҷашнҳои маснуии «ваҳдатофар» ниёзманд нест. Ин навъ амалҳо бар хилофи рӯҳи маърифатпарварии тоҷикон аст…».

 Хабарнигорони АМИТ «Ховар» бар ин назаранд, ки чунин изҳороти ғайриилмии олимро метавон ба маҷмӯаи андешаҳои бемантиқтарин ва зарарноктарин шомил кард.   

Ба кадом манзур?

Сароғоз

Маънои калимаи «зарар»-ро  ҳамаи мо медонем — расонидани  осебу зиён ба чизе ё касе. «Сафсата» чист? Ин як аломати равониест, ки мафҳуми дақиқи илмӣ надошта, маҷмӯи андешаҳо, хулосаҳо ва далелҳои дарднокест, ки ба воқеият мувофиқат намекунанд. Ин маъмултарин ва равшантарин далели ихтилоли равонӣ мебошад.

Моҳиятан

Барои ин гуна мулоҳизаҳо суханҳои дигар ҳам ёфтан душвор аст.  Олим дар бораи таърих ва рӯҳияи маърифатпарвари  тоҷикон «ғамхорӣ» зоҳир кардааст. Магар иди ҳосилот, кадую харбуза, себ… — ҳамаи инҳо таъриху маданияти халқи мо нест?! Олим –таърихшинос   бояд ба асарҳои илмии Карл Маркс, ки дар асри 19 дар «Капитал»-и худ навишта буд, назар  меандохт, ки гуфтааст: «Аввал иқтисодиёт,   баъд аз он сиёсат». Ё «меҳнат —  пойдевори  маърифат».

Профессор Луқмон Бойматов

Маърифат ё фарҳанг дар баробари истеҳсоли аввалин воситаҳои барои ҳаёт зарурӣ ба вуҷуд омадааст. Аз ин рӯ,  он  ҳам сарчашмаи истеҳсолӣ ва ҳам сарчашмаи маънавӣ дорад. Ин маҷмӯи комёбиҳои ҷамъияти инсонӣ дар ҳаёти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва маънавист; маҷмӯи чунин комёбиҳо як халқ дар як давраи муайян.

Мо беваҷҳ фарҳанги моддӣ,  фарҳанги ҷисмонӣ, фарҳанги маънавӣ,  фарҳанги нутқ, фарҳанги зироаткорӣ,  фарҳанги  техникӣ намегӯем. Ҳамаи ин  фарҳанг, яъне маърифат, дониш аст, донише, ки бо меҳнат ба даст меояд.  Фарҳанг —  ин  коркард аст!

Ба маълумоти  олим Бойматов мерасонем, ки вожаи «культура» калкаи «cultura» аз лотинӣ буда, маъноҳои асосии он «коркард», «нигоҳубин» мебошанд.

Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки меҳнат- воситаи истеҳсолот, натиҷаи меҳнат- ин  таърихи ҷамъият ва халқ мебошанд. Охир, таърих- ин ҳаракат ва инкишофи ҷомеаи инсонӣ аз як  давру замон ба давру замони дигар  аст.

Ба ибораи дигар, фарҳангу маърифат- далели заҳмати инсон ва натиҷаи меҳнати мақсаднок аст. Аз асарҳои илмӣ боз як мисол овардан мумкин аст: порчаи квартс — табиат аст, найзаи тир — маданият; нола- табиист, сухан- мероси фарҳанг, бӯй — табиат, атр — фарҳанг; дарё — табиат аст, неругоҳи барқӣ —  фарҳанг аст.  Мутаваҷчеҳ шудед, муҳтарам Бойматов?

«Олимони ҳақиқӣ ҳеҷ гоҳ дидаву дониста дигаронро гумроҳ намекунанд. Аммо олимони ғаразнок ва ба ном «олим» метавонанд манфиати  худро дошта бошанд ва як чизи берун берун аз ҳақиқатро таблиғ кунанд». Чунин навиштааст ҳамкасби шумо, биологи амрикоӣ, химик, нависанда Уоллес Николс.

Олим аз олим фарқ дорад

Олими тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хуршед  Зиёӣ ба нисбат ба андешаҳои шумо чунин назар дорад, ки  мутамаддин ё соҳибтамаддун гаштани инсоният аз гузариши он аз  шикорчигӣ ва ҷамъоварӣ ҳамчун шуғли асосӣ ба кишоварзӣ оғоз гардидааст.

«Хушбахтона, ниёгони миллати тоҷик аз қавму халқҳое буданд, ки яке аз аввалинҳо шуда, ба ин тарзи ҳаёти мутамаддин гузаштанд ва фарҳанги хеле баланди кишоварзиро ба  вуҷуд оварданд. Бо ҳамин сабаб, ба шаҳодати муҳаққиқи рус А.П. Шишов, ки дар таҳқиқоти худ «Тоҷикон» ҳанўз соли 1910 гуфтааст, тоҷикон аз  куҳантарин кишоварзони минтақа буда, барои халқу миллатҳои дигаре,  ки минбаъд дар ин сарзамин муқимӣ гаштаанд, ба  сифати омӯзгори заминдорию боғдорӣ роҳнамоӣ менамуданд (Шишов А.П. Таджики. Этнографическое исследование. – Алматы, 2006. – С.  184).

«Фарҳанги волои кишоварзӣ ниёгони моро водор менамуд,  ки табиатро амиқан биомўзанд ва ҳар ҳодисаеро, ки дар он рух медиҳад,  яъне обу ҳаво, рӯзҳои офтобию сард, борону  барф ва дигар тағйироти онро пешгўӣ карда тавонанд.  Маҳз бо ҳамин сабаб тамоми ҷашнҳои миллие, ки ба мо аз ниёгон мерос мондаанд, бо табиат ва неъматҳои  он иртибот доранд. Аз ҷумла, Наврўз, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки аз  муҳимтарини онҳоянд, ҳамагӣ бо табиат иртибот дошта, дар  онҳо неъматҳои табиату маҳсулоти кишварзӣ ҷойгоҳи хосса доранд. Масалан,  дар таҷлили Наврӯз «Ҷашни атола», «Суманакпазӣ», “Хони наврӯзӣ”, ки аз гандум, ҷав, лӯбиё, нахӯд, ҷуворӣ, наск, арзан ва ғайра ё ки аз ҳафтсин (санҷид, сабза, самок, сир, суманак, сикка ва сирко) ва ҳафт шин (шамъ, шир, шакар, шароб, шарбат, ширинӣ, шаҳд) иборат буданд, хеле муҳим ба ҳисоб мерафтанд. Маросими «МаликаиНаврӯз»  ё «Бобои деҳқон» нишони арҷгузорӣ ба инсони тавлидкунандаи ин неъматҳои кишоварзӣ маҳсуб мешавад. Дар маҷмӯъ, ҷашни Наврӯз ба замин (хок), Сада ба оташ, Тиргон ба об ва Меҳргон ба рӯшноии осмон (ҳаво) ё ба чор унсур иртибот доранд, ки пурра аз табиат ва аз неъматҳои табиӣ арҷгузорӣ кардани ниёгонамонро нишон медиҳанд» ,-мегӯяд профессор.

Тавре мусоҳиби мо иброз дошт, хушбахтона, ин анъанаҳои миллии тоҷикон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ эҳё  гардида,  нафаси тозае пайдо намуданд.

«Ин аст, ки сол ба сол арҷгузорӣ ба неъматҳои табиат ва маҳсулоти кишварзӣ дар кишварамон дар шаклҳои гуногун сурат гирифта, бо ин роҳ дастрасии мардум ба онҳо низ тавассути баргузории намоишу фурўш дар шаҳрҳо ва минтақаҳои дигари сераҳолӣ таъмин карда мешавад. Аз ҷониби дигар, ҷашни маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷамъоварии ҳосил ба ҳамаи халқҳои олам хос аст. Кофист, ки ба китобҳои хурду бузурги маълумотдиҳанда муроҷиат карда, дар он иттилоъро дар бораи ҷашни ҳосили гандум, биринҷ, помидор ва садҳо дигар неъматҳои кишоварзӣ аз Амрикову Аврупо то Осиёву Африқо пайдо намоем.

Аз ин рў, чунин ҷашнҳоро инкор кардану нодида гирифтан- ин барои ҳар халқу миллат маънии рад  кардани таъриху анъанаҳои гузаштагони худро дорад. Барои мардуми Тоҷикистон низ идома додани анъанаҳои ниёгони кишоварзу боғпарвари хеш- нишонаи маърифатпарвар ва соҳибфарҳанг будани миллат аст, на баръакс»,-ибрози андеша намуд Хуршед Зиёӣ.

Таваҷҷуҳи мақомоти Тоҷикистон ба неъматҳои табиат аслан тааҷҷубовар нест – зеро  соҳаи кишоварзӣ яке аз рукнҳои асосии иқтисоди давлат ба шумор меравад.

Аммо, тавре Хуршед Зиёӣ зикр кард, чунин идҳо на танҳо дар Тоҷикистон  таҷлил карда мешаванд.

Дар кишварҳои дигар

Масалан, дар Узбекистони ҳамсоя, дар Бухоро Ковун Сайли- иди харбузаро ҷашн мегиранд. Охири моҳҳои июл ё аввали август маркази шаҳр — Майдони фаввораҳо ба ярмарка-намоишгоҳи калон табдил меёбад, ки дар он ҳар иштирокчӣ гӯшаи  худро мустақилона оро медиҳад.

Дар Қазоқистон ҳамасола ҷашнвораи шаҳрии Apple Fest – иди себ таҷлил мегардад. Рӯзи себро дар Англия низ ҷашн мегиранд.  Ташкилкунандагони ин ид бар он назаранд, ки бо таҷлили Рӯзи себ боигарии табиат нишон дода мешавад ва  бо ин роҳ метавон ба атрофиён нишон дод, ки инсон метавонад ба табиат ва атроф таъсири мусбии худро расонад.

Дар Туркманистон низ Иди харбузаро таҷлил мекунанд.  Дар рӯзи якшанбеи дуюми моҳи август дар Ашқобод ба ҷуз аз консерту ярмарка метавон аз намоишгоҳи полезиҳо дидан кард. Ин ҷо навъҳои гуногуни харбузаро чашида, намоиши тайёр намудани таомҳои миллиро аз маҳсулоти полезӣ метавон тамошо кард.


Дар Қирғизистон, дар соҳили ҷанубии Иссиқкӯл дар моҳҳои июл-август ҷашнвораи буттамева ва меваҳо-  «Karaga Fest» баргузор мешавад.

Дар Веймари Олмон ярмаркаи пиёз аз соли 1653 ҷашн гирифта мешавад. Аз соли 1933 инҷониб дар шаҳри сайёҳии Ментони Фаронса ҷашнвораи лимӯ баргузор мешавад.

Фестивали помидор дар Испания (La Tomatina), Рӯзи сирпиёз дар ИМА, дар  Олмон  Иди қулфинай ҷашн гирифта мешаванд. «Рӯзи шукргузорӣ» —  иди ҳосили фаровон дар ИМА ҳанӯз ибтидои асри 17 дар яке аз аввалин маҳалҳои аҳолинишини колонияи Плимути англисҳо ба вуҷуд омадааст. Дар «Ҳафтаи байналмилалии сабз дар Берлин» намоиш ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта мешавад.  Ба гуфтаи шоҳидон, имсол он маротибаи 87-ум гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки аксари ин идҳо дар Аврупо ҷашнвора- фестивал мебошанд. Гап сари хоҳиши таҷлили ин идҳо нест, балки бештар дар анъанаи таърихист. Худи калимаи «фестивал» аз вожаи лотинии festivus — «таҷлил намудан» пайдо шудааст. Дар замонҳои қадим онҳо бевосита ба корҳои кишоварзӣ алоқаманд буда, ба оғози кишт ё ба анҷом расидани ҷамъоварии ҳосил бахшида мешуданд.

Аз ҳамин сабаб маҳз дар  тирамоҳ, пас аз ҳосилғундорӣ дар тамоми кишварҳои  ҷаҳон идҳои гуногуни ҳосил — мева, сабзавот, зироати полезӣ баргузор мешаванд. Ин идҳо рангоранг, шавқовар, баъзеашон  як рӯз, бархе ҳафтаҳо давом мекунанд!

Шояд барои нафаре ин баҳонаи хуб барои ҷамъ шудан ва ба яке аз ин идҳои  «сабзавот» ё «мева» рафтану бо чашми худ дидану иштирок кардан бошад.

Идҳо ҷузъи ҷудонашавандаи ҳар фарҳанг  маҳсуб меёбанд ва ин ҷо иди сабзавоту меваҷот низ истисно нестанд. Ба шарофати онҳо мо метавонем бо мардуме, ки ин идҳо ба онҳо тааллуқ доранд,  бо он ки фарҳангу эътиқоди онҳо имрӯз част ва ё садсолаҳо пештар чӣ гуна буд,  шинос шавем. Ҳангоми сафар ба кишварҳои дигар шахс бояд забони хориҷиро дар сатҳи гуфтугӯ донад ва инчунин дар бораи ин кишвар каме маълумот дошта бошад. Маҳз  тавассути идҳо метавон ҷаҳони ботинии кишвар ва сокинони онро  беҳтару бештар  дарк намуд.

Неъматҳои табиӣ ба одамон беихтиёр дода мешаванд. Инсон ҳаворо нафас мекашад, аммо нисбат ба  табиат миннатдорӣ ҳис намекунад, зеро ин неъмати табиист. Вале касе неъматҳои заминро бе заҳмат ва истифодаи қувва ба даст оварда наметавонад.  Фарҳанг дар баробари истеҳсоли аввалин ашё барои ҳаёт ба вуҷуд омадааст, ва танҳо дар ҷомеаи инсонӣ шарти мавҷудият ва таърихии бақои инсон ва рушди ҷомеаи инсонӣ гардидааст.

Саранҷом

Фаҳмиш ва дарки баъзе олимони мо хеле маҳдуд аст! Баъзе олимони имрӯза – монеа барои пешрафти ҷомеа мебошанд.  Дар фикри баъзе олимон- танҳо харобист! Ҳама чизи оқилона пештар, садҳо, ҳазорҳо, миллионҳо солҳо пештар ихтироъ шудааст, ҷанобон!

Ин ҳам маълум аст, ки ҳатто шахсони барҷастаю доҳӣ иштибоҳ мекунанд ва на ҳар мутафаккир ё олим эътироф карда метавонад, ки иштибоҳ кардааст, бахусус агар дар китфи ӯ бори гарони дастовардҳои илмӣ ва шоистагӣ вогузор бошад. Бо вуҷуди ин, таърихи илм — ин таърихи кӯшишҳо ва иштибоҳҳоест, ки ҳамаи олимони бузург бидуни истисно дар роҳи шинохти ҷаҳонӣ ва баъзан ҳатто пас аз роҳ додан ба он ба амал омадаанд.

Ин парадокс ё як навъ таҳрифи маърифатиро ҳанӯз аз  замонҳои қадим ба мушоҳида гирифта буданд. Масалан, ин ҷо чанде аз мушоҳидаҳои файласуфон ва олимон пешкаш мешаванд:

Лао Сзу: » Касе, ки бисёр медонад, кам гап намезанад, шахсе, ки  бисёр гап мезанад,  кам медонад»;

Конфутсий: «Дониши ҳақиқӣ он аст, ки ҳудуди ҷаҳолати худро донӣ»;

Суқрот: «Ман медонам, ки ҳеҷ чизро намедонам».

Ба назари мо, барои  инсони бошуур ҳамин қадар кофист.

Амина ҚУРБОН,
Саид АЛӢ,
 АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 8, 2022 12:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фарҳанг ва Наврӯзи байналмилалӣ ҳамоиши идона доир гардид
Доир ба натиҷаҳои маҷмуии таҳқиқоти бостоншиносӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ оғоз шуд
НАВРӮЗ АЗ НИГОҲИ АСТРОНОМӢ. Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20 март фаро мерасад
21-УМИ МАРТ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ПАЗИРОИИ ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳои ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар шаҳри Бӯстон оид ба тарғиби либоси миллӣ ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ОМИЛИ ВАҲДАТИ МИЛЛАТҲО». Дар ноҳияи Ховалинг дар ин мавзуъ ҳамоиш доир шуд
Нақши «дипломатияи фарҳангӣ» дар ташаккули симои мусбати давлат дар хориҷа назаррас аст
ЗИ РӮЯТ НУР МЕБОРАД, АЛО ЭЙ ДУХТАРИ ТОҶИК. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хоруғ ҳамоиши «Тоҷикона мепӯшем!» гузаронида шуд
Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар шаҳри Бохтар ба анъанаҳо ва либоси миллӣ арҷ гузошта мешавад
ЛИБОС-МУАРРИФИ МИЛЛАТ. Дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи либосҳои миллӣ-тавсиявӣ доир гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли равғани зард эҳтимоли гирифтор шудан ба сироятҳои гуногуни вирусиро коҳиш медиҳад