ИМРӮЗ ДАР АРГЕНТИНА БА ШАРАФИ ПИРӮЗӢ ДАР ЧҶ-2022 РӮЗИ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН ШУДААСТ. Дастаи мунтахаби футболи кишвар дар иҳотаи полисҳои шутурсавор гузашти чемпионӣ доир намуд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Аргентина пас аз пирӯзӣ бар Фаронса (бо ҳисоби 3:3, 4:2 аз рӯи пеналтӣ) дар финали ЧҶ-2022 гузашти чемпионӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Автобуси сафеду кабудро полиси шутурсавори Қатар ва мошинҳои дигар идораҳои қудратии кишвар ҳамроҳӣ мекарданд. Ғайр аз ин, дар гузашт тилисмҳои чемпионатҳои ҷаҳон иштирок карданд.
Ҳукумати Аргентина расман 20 декабрро рӯзи истироҳат эълон кард, то шаҳрвандон тавонанд пирӯзии дастаи мунтахаби кишварашонро дар Чемпионати 22-юми ҷаҳон оид ба футбол таҷлил намоянд.
Интизор меравад, ки дастаи мунтахаб рӯзи сешанбе, дар нисфирӯзӣ бо вақти маҳаллӣ бо автобуси болокушода дар атрофи Буэнос-Айрес сайр кунад.
Гуфта мешавад, ки президенти Аргентина Алберто Фернандес бо далели амниятӣ бозигарони дастаи мунтахабро дар қароргоҳи расмии худ истиқбол намекунад.
Тавре қаблан хабар дода шуд, вақти асосӣ ва изофии бозӣ бо ҳисоби 3:3 анҷом ёфт. Мбаппе се ва Месси дуголӣ заданд. Дар зарбаҳои пеналтӣ футболбозони аргентинӣ боқувваттар баромаданд – 4:2.
Дастаи мунтахаби Аргентина бори сеюм дар таърих чемпиони ҷаҳон оид ба футбол шуд.
Ҳамлагари фаронсавӣ Мбаппе ҷоизаи «Бутсаи тиллоӣ» -и ЧҶ-2022-ро сазовор шуд. Дарвозабони аргентинӣ Эмилиано Мартинес барандаи «Дастпӯшаки тиллоӣ» — и ЧҶ дар Қатар шуд. Месси беҳтарин бозигари ЧҶ-2022 дар Қатар дониста шуд.
АКС: Martin Meissner / AP








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






