Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳо «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ҷиҳати тарбияи шаҳрвандон дар роҳи хизмати софдилонаву фидокорона ба Ватан, ифтихор аз ниёгон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи фардои озоду ободи кишвар равона шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ» ба рушди хариду фурӯши мол, кор ва хизматрасонӣ бо истифода аз шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва амалиёти ғайринақдӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии иштирокчиёни савдои электронӣ ва таъмини фаъолияти онҳо нигаронида шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ба ҳамгироии илм ва истеҳсолот, дар амал татбиқ намудани дастовардҳои илму техника ва дар маҷмӯъ барои саноатикунонии босуръати кишвар равона шудааст.
Кодекси маданӣ бо назардошти талаботи замони муосир, дигаргунӣ ва пешравиҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Қонунҳои қабулгардида ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳибкорӣ, бунёди ҷойҳои нави корӣ ва беҳдошти зиндагии аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Қонунҳо дар матбуот интишор карда мешаванд.








Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






