«Истифодаи оқилонаи замин дараҷаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъиятиро баланд мебардорад»,- бардошт аз конфронс дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 18.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои муҳими самаранок истифодабарии заминҳои корам дар шароити биологикунонӣ ва экологикунонии истеҳсолоти кишоварзӣ 15 декабр дар Конферонси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур баррасӣ гардиданд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи мазкур.
Зикр шуд, ки истифодаи самараноки обу замин ва зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бе ворид намудани технологияҳои нав ва риояи қоидаҳои муосири агротехникӣ ғайриимкон мебошад. Ҷорӣ намудани навовариҳои техникӣ, технологияҳои муосир, ташкили меҳнат, ба дастовардҳои илм ва таҷрибаи пешқадам асос ёфта, диверсификатсияи соҳа ва дар ин асос ҷорӣ намудани кишти зироатҳои даромаднокиашон баланд мукаммалгардонии низоми идоракунии соҳа, муносибатҳои муттаҳидшавии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар хоҷагиҳои калонҳаҷм, якҷояшавии (интегратсияи) байни хоҷагиҳои кишоварзӣ, корхонаҳои коркард ва шабакаҳои савдо ва дигар масъалаҳо талаботро барои муайян намудани заминаи ҳуқуқии ин равандҳоро ба миён овард.
Оқилона истифода бурдани замин ҳалли қазияҳои таъминоти аҳолӣ бо озуқа, саноатро бо ашёи хом, инчунин баланд бардоштани дараҷаи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъиятиро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз самтҳои истифодаи он бояд доимо дар мадди назари олимон, мутахасисон, хусусан деҳқонон қарор гирад.
Раёсати Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур моҳи июни соли 2022 барои ҳар як кафедраҳои донишгоҳ қитъаи замини корам барои кишти такрорӣ маҳсулоти кишоварзӣ аз заминҳои обии Корхонаи воҳиди таълимитаҷрибавии Ҳисори шаҳри Ҳисор ройгон тақсим намуд, ки ин барои кулли омӯзгорон оид ба таъмини амнияти озуқа бори таъсири хубе расид.
Инчунин дар конфронс мавзӯъҳои «Самтҳои асосии истифодаи замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Муносибатҳои заминдорӣ ва самаранокии истифодабарии заминҳои таъиноти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Самтҳои асосии ташкили истифодабарии самаранокии заминҳои корам», «Мушкилиҳои соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ ва ҳаллӣ онҳо дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028» баррасӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур








Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






