КИШВАРИ ХИРСҲОИ БӮР ВА БАБРҲОИ БАРФӢ. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бознашр мешавад

Декабрь 27, 2022 11:41

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки нашри сеюми Китоби Сурхро барои чоп омода кунанд. Олимон соли оянда, яъне соли 2023 ба омӯзиш ва таҳияи нашри нав шурӯъ мекунанд. Дар ин бора дар маркази матбуоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Президенти Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Олимон ва мутахассисони Кумита, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, кормандони вазорату идораҳои дахлдор аллакай масъалаҳои зарурии омода намудани нашри дубораро баррасӣ кардаанд. Ходимони илмӣ шароит ва тартиби таҳияи онро баррасӣ кардаанд.

Тибқи талаботи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат Китоби Сурх бояд дар ҳар даҳсола як маротиба бознашр шавад.

Иштирокдорон зарурати истифодаи таҳқиқоти илмӣ, ташхиси рушди намудҳои набототу ҳайвонот, ҷамъоварӣ ва коркарди маводи илмӣ, дараҷабандии намудҳо, омода намудани рӯйхати намудҳои наве, ки зери таҳдиди нобудшавӣ қарор доранд ва ворид намудани онҳоро ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат зикр намуданд.

Китоби Сурх — ин ҳуҷҷати расмии давлатӣ буда, дар он феҳристи тафсиршудаи намудҳои нодиртарин ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи набототу ҳайвонот дар қаламрави Тоҷикистон, инчунин маълумоти умумӣ оид ба паҳншавӣ, ҳолати кунунии ин намудҳо, сабабҳои камшавии шумора, тадбирҳои муҳофизат ва таҷдиди онҳо нигоҳ дошта мешаванд.

Намудҳои растанӣ ва ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, дар саросари ҷумҳурӣ таҳти ҳимояи махсус қарор доранд.

Аввалин Китоби Сурх бахшида ба олами набототу хайвоноти Тоҷикистони Шӯравӣ соли 1988 нашр шуда буд. Дар он 162 намуди хайвонот ва 226 намуди растаниҳои олӣ тавсиф карда шудаанд. Соли 1997 китоб ба тоҷикӣ тарҷума шуда буд.

2 августи соли 2010 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 387 «Низомнома дар бораи Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, зарурати таҳия ва нашри нави китоб эълон карда шуд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 феврали соли 2015 бо қарори № 65 Кумитаи ҳифзи муҳити зистро мақоми масъули назорат ва ҳифзи намудҳои ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда таъйин намуд.

24 июни соли 2015 Тоҷикистон расман ба «Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои фауна ва набототи ваҳшӣ, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд» (CITES), ҳамроҳ шуд, ки ин номгӯи талаботи аввалиндараҷаи Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиатро ҷиҳати ба низом даровардани қонунгузории экологӣ ба анҷом расонд.

15 октябри соли 2015 нашри дуюми Китоби Сурх, ки аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Академияи илмҳои Тоҷикистон (ҳоло АМИТ) таҳия шудааст, ба чоп расид. Ба он 267 намуди растаниҳои олӣ ва 222 намуди ҳайвонот (аз ҷумла 43 паранда, 44 ҳайвоноти ширхӯр, 31 хазанда, 14 моҳӣ, 81 ҳашарот, 9 ҳайвони баҳрӣ) дохил мешаванд.

Олами набототу ҳайвоноти Тоҷикистон, новобаста ба кам будани замини кишвар хеле бой ва гуногун аст. Мувофиқи маълумоти охирин, дар Тоҷикистон беш аз 13 ҳазор намуди ҳайвонот ва ҳудуди 5 ҳазор намуди наботот зиндагӣ мекунанд. Макони зисти 80 фоизи тамоми намудҳои ҳайвонот ва наботот дар кӯҳҳо мебошад. Аз сабаби он ки зиёда аз 70 фоизи сокинони ҷумҳурӣ аз сарватҳои табиӣ бо ин ё он тарз истифода мебаранд, дараҷаи таъсири инсон ба табиат махсусан калон аст. Донишмандони тоҷик тасдиқ менамоянд, ки ба ин далел дар кишвар беш аз 250 навъи ҳайвонот ва ҳудуди 230 навъи наботот дар остонаи нобудшавӣ қарор доранд.


Ёдовар мешавем, ки қаблан дар Тоҷикистон «Парандаи сол» — ро интихоб карда буданд. Саъба парандаи соли 2023 эълон гардид. Озмун барои муайян кардани парандаи сол дар кишвар аз соли 2007 баргузор мешавад. Соли 2022 заргулдор парандаи сол гардида буд.

Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Декабрь 27, 2022 11:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва MERI Centre for International Studies Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
МАОРИФ — САРМОЯИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛ. Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба талаботи асри технология мутобиқ гардидааст
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Вестминстер Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
Оид ба дастовардҳои илмии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030» баррасӣ гардид
Панҷ нуктаи омӯзанда аз Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо паёми Президенти Тоҷикистон
Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон синфхонаи замонавӣ барои донишҷӯён ба истифода дода шуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид