Мактаб-интернатҳои шаҳри Кӯлоб бо таҷҳизоти муосири каммасрафи гармидиҳанда таъмин шуданд
КӮЛОБ, 12.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Мактаб-интернати ёрирасони рақами 1 фаъолият мекунанд, ки дар онҳо беш аз 300 нафар кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ин муассисаҳо бо дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо тамоми шароити зарурӣ таъмин ва зери ғамхории ҳамешагии давлату ҳукумат қарор доранд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон ХОЛЗОДА.
Роҳбарияти Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим дар шаҳри Кӯлоб барои бе мушкилӣ паси сар намудани фасли сармо тадбирҳои зарурӣ андешида, синфхонаҳо, утоқҳои фаннӣ ва ҳамаи утоқҳои биноҳои муассисаро бо таҷҳизоти муосири каммасрафи барқии гармидиҳанда таъмин намудаанд. Ҳоло дар синфхонаҳо ҳарорати муътадили гармӣ нигоҳ дошта шуда, тарбиятгирандагон бо либоси сабук дар синфхонаҳо таълим мегиранд. Шароити хобгоҳи тарбиятгирандагон низ хуб буда, бо кату рахти хоб, таҷҳизоти гармидиҳанда ва дигар лавозимот муҷаҳҳаз аст.
Омӯзгори Мактаб-интернати ёрирасони рақами 1-и шаҳри Кӯлоб Наргис Амиралиева гуфт, ки «дар мактаб-интернат ба давраи зимистон омодагии хуб дидаанд. Дару тирезаҳои биноҳои муассиса шишабандӣ карда шуда, дар синфхонаҳо ва хобгоҳ таҷҳизоти барқии гармидиҳанда гузошта шудаанд. Дар ин муассиса 58 нафар омӯзгорон ва мураббиён ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд. Ба тарбиятгирандагони муассиса се вақт хӯрок дода шуда, дар баробари захираи маводи хӯрокворӣ ҳар моҳ равғану гӯшт ва дигар намуди сабзавот дастрас карда мешавад. Тарбиятгирандагон бо либоси гарм ва китобу лавозимоти таълимӣ таъмин мебошанд».
АКС: АМИТ «Ховар»








КОНСТИТУТСИЯ — БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат чорабинии сиёсиву фарҳангӣ баргузор гардид
Дар қисми низомии қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ доир гардид
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид






