Моҳи марти соли 2023 дар деҳаи Бобосафоли ноҳияи Фархор мактаби №28 дари худро ба рўи хонандагон боз менамояд
ДУШАНБЕ, 29.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Бобосафоли Ҷамоати деҳоти Гулшани ноҳияи Фархор аз ҷониби Дирексияи сохтмонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 бунёд гардида, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар мактаб пурра ба анҷом расида, тибқи нақша моҳи марти соли оянда ба истифода дода мешавад.
Тавре дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 27 декабр Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо гурӯҳи ҳамроҳонаш ба ноҳияи Фархор сафар карда, нахуст бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ шинос гардиданд.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №28 барои 640 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардида, бо ба истифода додани ин мактаб мушкили нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон дар деҳаи мазкур бартараф мегардад.
Қурбон Ҳакимзода ба масъулин барои сабзазоркунии атрофи мактаб ва сари вақт анҷом додани корҳои боқимондаи сохтмонӣ дастуру супориш дод.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон









Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






