Муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезия дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 02.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Ҷумҳурии Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди UNESCAP Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Ретно Марсудӣ мулоқот намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Индонезияро дар бахшҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва ғайра муҳокима намуданд.
Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати истифодаи имконияту иқтидорҳои истифоданашудаи ҳамкории ду кишвар изҳор намуданд.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Индонезия бо қароргоҳ дар Малайзия Ардашер Қодирӣ 1 декабр ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Ҷоко Видодо эътимодномаҳои худро супорид.
Акс: ВКХ ҶТ








Дипломатияи обии Тоҷикистон: афзалияти миллӣ, ҳамкории минтақавӣ ва аҳаммияти ҷаҳонӣ
Дар Женева Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба мероси илмии Абуалӣ ибни Сино баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА дар самтҳои мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар брифинг доир ба раванди омодагӣ ба «Саммити ҷаҳонии ҳукуматҳо-2027» дар Дубай иштирок намуд
COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд






