Муовини Сарвазири Тоҷикистон аз қисми низомӣ дар шаҳри Ҳисор дидан кард
ҲИСОР, 30.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Ҳисор ҳамроҳ бо Раиси шаҳр Қосим Роҳбар аз қисми низомии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиа дидан намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Раиси шаҳри Ҳисор Ҳидоятулло ХОЛЗОДА ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД иттилоъ дод.
Баъд аз гузориши ҳарбии кумандони қисми низомӣ муовини Сарвазир бо сарбозону ҳайати шахсии қисми низомӣ мулоқот намуд.
Муовини Сарвазир утоқҳои кории афсарон, синфхонаҳои таълимии сарбозон, майдончаи тамрин, ошхонаву хобгоҳ ва дигар ҳуҷраҳои маишиву фароғатии қисми низомиро аз назар гузаронида, барои боз ҳам беҳтар намудани шароити тозагию беҳдоштӣ ва маишию фароғатӣ ба ҳайати шахсӣ ва масъулин тавсияву маслиҳатҳои судманд дод. Ҳамчунин ба захираи маводи хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ дар анборҳои қисми низомӣ, сифати хӯрок ва таркиби он дар ошхона таваҷҷуҳ намуда, аз мушкилот дар ин самт пурсон шуд ва таъкид намуд, ки ба масъалаи захираи маводи озуқаворӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ба муовини Сарвазир иттилоъ доданд, ки ба сарбозон се вақт хӯроки гарму серғизо пешниҳод мегардад. Ҳафтае як маротиба ҳаммоми гарм мегиранд ва барои шустушӯи сару либос ва лавозимоти рахти хобашон ҳуҷраи махсуси муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир ва оби гарм фаъолият менамояд. Муовини Сарвазир аз нуқтаҳои мазкур дидан карда, масъулинро ба беҳтар намудани шароит дар онҳо даъват намуд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор ва прокуратураи шаҳр ба қисми низомӣ маводи хӯрокворӣ, аз қабили орду равған, картошкаву пиёз ва дигар анвои хӯрданӣ дастрас намуда, барои таҷлили пуршукӯҳи Соли нави мелодӣ дар ошхонаи қисми низомӣ, ки бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр таъмир шудааст, дастархони идона оростанд. Ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳр ба барномаи солинавии низомиён дастагули шеъру таронаро армуғон намуданд.
Афсарону сарбозон аз ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба онҳо изҳори қаноатмандӣ карда, гуфтанд, ки мақомоти иҷроияи шаҳр ба шароити буду боши онҳо пайваста таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ҳар иду ҷашн ба табрикашон меоянд ва дастархон ороста, барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ доир менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор










Раҷабалӣ Раҳмоналӣ: «Ҳодисаҳои ғарқшавӣ асосан бо сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ ба амал меоянд»
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар Тоҷикистон 519 ҳолат афзоиш ёфтааст
Дар Тоҷикистон пешгирӣ аз истеъмоли моддаҳои психотропӣ тақвият дода мешавад
Давоми шаш моҳи соли 2026 дар Душанбе 47 ҳолати монеъ шудан ба таҳсилоти ҳатмии ноболиғон ошкор карда шуд
Дар Душанбе беш аз 90 ҳолати ба фолбинӣ машғул шудани шаҳрвандон ошкор гардид
Ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор баргузор гардид
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Дар маҷлиси ҳайати мушовараи Прокуратураи генералӣ татбиқи дурусти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» баррасӣ шуд
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Дар беш аз 150 аттраксиони боғҳои фарҳангӣ–фароғатии Тоҷикистон камбудиҳои техникӣ ошкор карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Қариб 23 ҳазор дона тухми паранда ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок нобуд карда шуд






