Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи нуҳуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд

Декабрь 10, 2022 10:55

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар ҷаласаи нуҳуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири ҳуқуқ ва адлияи Ҷумҳурии Исломии Покистон, сенатор Аъзам Назир Тарар дар шакли маҷозӣ баргузор шуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин вазири ҳуқуқ ва адлияи Ҷумҳурии Ҳиндустон Кирен Риҷиҷу, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон Алма Муканова, вазири адлияи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тан Итзюн, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон Бактияр Орозов, котиби давлатӣ – муовини вазири адлияи Федератсияи Россия Андрей Логинов ва вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон Акбар Тошкулов ширкат варзиданд. Инчунин муовини Дабири кулли СҲШ Эрик Ашимов ширкат дошт.

Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён навовариҳо дар фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ, нақши вазоратҳои адлияи давлатҳои узви СҲШ дар самти рақамикунонии соҳаҳои марбут ба ваколати онҳо ва натиҷаҳои корҳоро вобаста ба ҳамкории вазоратҳои адлия оид ба иҷрои созишҳо аз рӯи натиҷаҳои маҷлиси ҳаштуми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ ҷамъбаст намуданд.

Таъкид гардид, ки таъмини волоияти қонун дар асоси принсипҳои эҳтиром, ҳимоя ва кафолати ҳуқуқи инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат омили асосии субот, устуворӣ ва рушди бомуваффақияти давлатҳои узви СҲШ мебошад.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Декабрь 10, 2022 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд