Наргис Шарифзода, муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон бонувони мамлакатро рӯҳбаланд намуд»

Декабрь 28, 2022 13:03

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи пешрафти ҳаёти занон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи хоссаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ба мақом ва мартабаи  онҳо ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мегардад. Занон пайваста ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ дар вазифаҳои мухталиф ҷалб гардида,  дар рушди иқтисоди миллии ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд, иброз намуд муовини Раиси ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт  Наргис ШАРИФЗОДА ба АМИТ «Ховар» вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ.

Наргис Шарифзода афзуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» оид ба нақши зан–модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, бо рӯҳияи баланд иброз намуданд, ки «мо тасмим гирифтаем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ҳамчунин ба нақши зан–модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

«Занони Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқ баробари мардон фаъолият менамоянд. Чуноне дар паёмҳои қаблӣ зикр шуда буд, занон 49,3 фоизи аҳолии мамлакатро ташкил медиҳанд. Имрӯз дар ҷумҳурӣ соҳае нест, ки занону бонувони тоҷик дар он фаъолияти пурсамар надошта бошанд. Занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, хизмати давлатӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилонаву содиқона заҳмат кашида истодаанд»,-гуфт Наргис Шарифзода.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд. Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла аз миёни кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Инчунин занону духтарон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд.

Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди мамлакат низ таъсири назаррас расонида истодаанд.

Соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018 2,4 баробар зиёд мебошад.

Пешвои муаззами миллат иброз намуданд, ки дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил додааст.

«Рақамҳои зикршуда  ва андешаю таҳлилҳои нуктасанҷонаи Пешвои миллат гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошанд. Дар Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шудааст, ки дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор нафар духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил доранд»,- илова кард Наргис Шарифзода.

Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Оид ба нақши зан дар ҷомеа дар суханрониҳои худ бахшида ба Рӯзи Модар Пешвои миллат иброз намуданд, ки «модар мавҷудест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ӯро бо шири сафеду ҷонбахшаш ва бо муҳаббате, ки танҳо хоси модарон аст, тарбия мекунад, ба камол мерасонад ва ба чорсӯи зиндагӣ дуои нек медиҳад. Бинобар ин, арҷ гузоштан ба бузургии модар, ба ҷо овардани иззату эҳтироми ӯ ва расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии вай вазифаи ҷониву имонии ҳар фарзанди солимфикру соҳибхирад ва қарзи инсонии ҳар фарди бонангу номус мебошад. Зеро инсон дар ҳаёти худ дар сурате ба комёбиву муваффақият ва зиндагии бобаракат муяссар мегардад, ки дуои неки модару падарро гирифта, ба қадри ранҷу заҳмати волидайн, дилсӯзиву ғамхории онҳо ва шири сафеди модар расида бошад». 

Бо ин қадар дастгириҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти занон дар ҷомеа кулли модарону хоҳарон дар баробари тарбияи насли аз ҷиҳати ҷисмониву маънавӣ солим, инчунин дар пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободиву созандагии Тоҷикистон саҳми арзишманд мегузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Декабрь 28, 2022 13:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ШУМОРАИ ВОРИДШАВАНДАГОНИ СОМОНАИ АМИТ «ХОВАР» БЕШ АЗ 234 ФОИЗ ЗИЁД ШУД. Соли 2024 аз сомона зиёда аз 7 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб барои навхонадорон гузаштан аз муоинаи тиббӣ ҳатмӣ шуд
МАБЛАҒИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ 100 ФОИЗ ЗИЁД КАРДА ШУД. Акнун соҳиби Шоҳҷоиза бо 140 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешавад
АМИТ «Ховар»: Тоҷикистон дар соли 2025 — руйдодҳои муҳим ва навгониҳо
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Таъсиси он имрӯз амри зарурӣ аст
БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ДАР ЮНЕСКО. Ҷалолуддини Балхӣ аз нобиғагони нодири тоҷик аст, ки фарҳанги башарӣ назирашро кам дидааст
Президенти Тоҷикистон: «Дар 5 соли охир аз ҷониби низоми бонкии мамлакат беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шуд»
СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?