Навраси тоҷик Темурҷон Абдураҳмонов дар Ҷоми кушоди VIII кишварҳои ИДМ оид ба таэквондо ҷойи аввалро ишғол намуд
ДУШАНБЕ, 15.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи 8-и Литсейи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Темурҷон Абдураҳмонов дар Ҷоми кушоди VIII кишварҳои ИДМ оид ба таэквондо- Ҷоми ҷаҳонии таэквондо ITF ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба донишгоҳи мазкур иттилоъ медиҳад.
Мусобиқа аз 8 то 12 декабр дар пойтахти Беларус- шаҳри Минск баргузор гардид.
14 декабр Директори иҷроияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев зимни ҳамоиши тантанавӣ ба чемпиони ҷавон ифтихорнома ва мукофоти пулӣ такдим намуд.
Инчунин волидони навраси ғолиб Темурҷон Абдураҳмонов низ барои тарбия ва дастгирии фарзандашон бо Сипоснома қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






