Номинаи муштараки Тоҷикистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид шуд

Декабрь 2, 2022 08:28

ДУШАНБЕ, 02.11.2022 /АМИТ «Ховар»/. Номинаи муштараки Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон Қирғизистон, Туркия, Туркманистон ва Узбекистон «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Оид ба расман ворид гардидани ин номина 1 декабр дар  иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш ҷараён дорад, эълон гардид.

Номинаи «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия қайдшуда қабул гардид.

Бояд таъкид намуд, ки ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани номинаҳои муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ва «Анъанаи нақли латифаҳои Хоҷа Насриддин» иқдоми муҳиме барои ҳифзу оммавигардонии мероси ниёгон, муаррифии ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги ғанию қадимии мардуми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.


Иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои аъзои ЮНЕСКО дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш то 3 декабр идома мекунад.

АКС: ВКХ ҶТ/манбаъҳои боз

Декабрь 2, 2022 08:28

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон