Ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 муайян гардиданд

Декабрь 26, 2022 14:49

 ДУШАНБЕ, 26.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони озмуни стипендияи президентӣ дар соли таҳсили 2022 – 2023 муайян гардиданд. Дар он 3000 нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ ҳамчун ғолибони озмун дониста шуда, давоми нуҳ моҳи соли таҳсил бо стипендияи президентӣ ҳар моҳ ба маблағи 600 сомонӣ таъмин мегарданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  муовини Cардори Раёсати кор бо ҷавонони дастгоҳи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилошӯб Розиқзода хабар дод.

Стипендияи президентӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2015 тасдиқ шуда, ҳамасола дар асоси низомномаи мазкур озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон гузаронида шуда, ғолибон муайян ва давоми соли таҳсил бо стипендия таъмин карда мешаванд.

Аз таъсиси стипендия, яъне аз соли 1998 то соли 2020 теъдоди стипендияҳои президентӣ ва маблағи онҳо марҳила ба марҳила зиёд гардида, дар доираи эълони намудани соли 2017 Соли ҷавонон теъдоди стипендия аз 300 адад ба 400 адад расонида шуд. Аз 1 сентябри соли 2021 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди гирандагони он аз 400 адад ба 3000 адад ва ҳаҷми маблағи он барои ҳар гирандаи стипендия дар як моҳи соли таҳсил ба 500 сомонӣ расонида шуд, ки ин беҳтарин иқдом барои дастгирии ҷавонони лаёқатманду фаъол мебошад.

Дар соли таҳсили 2022 – 2023 ҳаҷми маблағи он  ба 600 сомонӣ расонида шуд.

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

 

Декабрь 26, 2022 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад
«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад