«ҶОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибону ҷоизадорони Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка қадрдонӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 20.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Ғолибони Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» муайян гардиданд. Зимнан 48 нафар ғолибону ҷоизадорон аз намуди шоҳмот ва шашка бо туҳфаҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 1000 то 6000 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ Муҳаммадтолиб Шокирзода хабар дод.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, аз 12 то 17 декабр дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мусобиқаи варзишии зеҳнӣ оид ба шоҳмот ва шашка барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» дар Муассисаи давлатии «Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои амалӣ»-и Кумита доир гардид.

Дар мусобиқаи мазкур кормандони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва ғолибони даври вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ иштирок карда, миёни ҳам рақобат намуданд.
Мусобиқаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш гузаронида шуд.
Ҳаҷми мукофотпулии он 100 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он аз ҷониби Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон супорида шуд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






