Паёми Пешвои миллат дастурамали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорист
РӮДАКӢ, 23.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар 160 ҷойи ҷамъиятӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия пахши мустақими телевизионии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуда, аз он рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини МАҲМУД.
Сардори нозироти андози ноҳияи Рӯдакӣ Дилшод Ҳакимзода гуфт, ки «Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вазъи кунунии рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодии мамлакат, саноат, энергетика, сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, рушди деҳот ва маорифро барои солҳои оянда муайян намуданд. Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуруламали босамари фаъолияти давлат ва ҷузъи муҳими стратегияи давлатдорӣ дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ маҳсуб шуда, доираи фарохи масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, самти ҳаракати давлатро барои солҳои оянда муайян менамояд».

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳимояи манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва амнияти мамлакат, ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои бузурги инфрасохтори бозор, муҳайё кардани шароити мусоиди иқтисодию иҷтимоӣ барои сокинони кишвар сол аз сол беҳтар гардида, лоиҳаҳои наву барномаҳои давлатӣ амалӣ шуда истодаанд.
Мудири бахши фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ Хайриддин Ҷалолзода иброз дошт, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ фарҳанги миллиро омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таърих арзёбӣ намуданд. Пешвои миллат тазаккур доданд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо, ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Чун ҳамешагӣ тамоми самтҳои асосии фаъолияти мамлакат барои давраҳои оянда дар Паёми навбатии Пешвои миллат муайян гардида, оид ба пешбурди сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва ғайраҳо вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шудаанд».
АКС: АМИТ «Ховар»










Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид






