Пекин маҳдудияти вобаста ба ковидро сабуктар намуд: дар корхонаҳо ва мағозаҳо нишон додани санҷиш барои COVID-19 дигар зарур нест

Декабрь 7, 2022 11:55

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ба мардуми пойтахти Чин иҷозат дода шуд, ки ба боғҳо, мағозаҳои тиҷоратӣ, корхонаҳо, метро ва фурудгоҳҳо бидуни нишон додани натиҷаи манфии санҷиши COVID-19 ворид шаванд, ки ин аз сабук гардидани маҳдудият вобаста ба ковид дар кишвар дарак медиҳад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Reuters иттилоъ медиҳад.

«Пекин аз нав ба ҳаёт омода мешавад», — мавод бо чунин сарлавҳа дар рӯзномаи ҷамъиятию сиёсии Чин China Daily ба нашр расид.

Reuters инчунин зикр мекунад, ки метавонад сабуксозии минбаъдаи чораҳои зиддиковидӣ ба амал ояд. Мувофиқи иттилои манбаъҳои агентӣ, Чин метавонад 7 декабр 10 чораи нави миллӣ оид ба сабуккуниро эълон кунад, ки ба мубориза бо COVID-19 нигаронида шудаанд.

«Давраи душвортарин паси сар шуд»,- омадааст дар шарҳи агентии иттилоотии «Синхуа», ки шоми 5 декабр нашр шуда буд. Дар мавод зикр гардидааст, ки суст шудани таъсири вирус ба амал омадааст. Илова бар ин, дар мубориза бо вирус эмкунии 90 фоизи аҳолӣ нақши калон бозидааст.

«Самти умумии бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ аллакай хеле равшан аст ва барои барқарор кардани иқтисод баргардонидани ҳаракати озодонаи мардум дар музофот зарур аст», — навиштааст дар саҳифаи худ рӯзноманигори чинӣ Ху Ситсзин.

Таҳлилгарон пешгӯӣ мекунанд, ки Чин метавонад аз нав иқтисоди худро ба роҳ монад ва назорати сарҳадро барвақттар лағв кунад. Баъзеҳо пешгӯӣ мекунанд, ки ҶМЧ дар баҳор пурра сарҳадҳояшро боз мекунад.

Барои сармоягузорон ин хабар рӯҳбаландкунанда аст, зеро он метавонад ба қувват гирифтани дуввумин иқтисоди бузург дар ҷаҳон мусоидат кунад ва барои рушди ҷаҳонӣ ҳавасманд намояд. Юан аз оғози моҳи ноябр тибқи интизориҳои эҳёи эҳтимолии иқтисоди Чин тақрибан 5% нисбат ба доллар афзоиш ёфтааст.

Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»

АКС: unsplash.com

Декабрь 7, 2022 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бинобар гармии рекордӣ дар Чин талабот ба неруи барқ ба нуқтаи баландтарин расид
Хисороти аз офатҳои табиӣ расида дар Чин аз 7,5 миллиард доллар зиёд шуд
Гармои шадид дар Испания дар ду моҳи охир сабаби марги 1180 нафар гардид
Бар асари боронҳои мавсимӣ ва обхезии шадид дар Покистон 104 нафар ҳалок гардид
Бархе аз минтақаҳои Аврупоро гармои шадид фаро гирифт
Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад