Пентагон хабарро дар бораи нобуд кардани роҳбари ДИ* дар Сурия тасдиқ кард

Декабрь 1, 2022 13:10

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сурия роҳбари созмони террористии «Давлати исломӣ»* Абулҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ миёнаҳои моҳи октябр зимни амалиёти ба ном артиши озоди Сурия (АОС) нобуд карда шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора агентии «Reuters» рӯзи чаҳоршанбе, 30 ноябр иттилоъ дод.

«Марги Абулҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшй дар миёнаи моҳи октябр зарбаи навбатӣ ба ДИ* буд. Ин амалиётро артиши озоди Сурия дар вилояти Даръои Сурия анҷом дод»,-гуфта мешавад дар иттилоия.

Тавре дар робита ба ин дар Пентагон таъкид шуд, «ДИ* ҳамчун таҳдид ба минтақа боқӣ мемонад». «СЕНТКОМ (Маркази фармондеҳии Артиши ИМА) ва шарикони мо ҳамчунон таваҷҷуҳи худро ба шикасти ниҳоии ДИ равона кардаанд», — илова намуданд дар Пентагон, хабар медиҳад ТАСС

3 феврал Кохи Сафед эълом кард, ки низомиёни амрикоӣ амалиёти муваффақонаи зиддитеррористиро дар шимолу ғарби Сурия анҷом додаанд, ки дар натиҷа роҳбари ДИ Абу Иброҳим ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, маъруф ба Абдуллоҳ Кардаш кушта шуд.

Моҳи март агентии «Reuters» хабар дод, ки тибқи маълумоти хадамоти иктишофии Ғарб ва Ироқ, Абулҳасан ал-Ҳошимӣ ал-Қурайшӣ, ки бародари роҳбари пешини ҷангҷӯён Абӯбакри Бағдодӣ буда, соли 2019 дар Сурия кушта шуд, роҳбари нави ДИ* таъйин гардид.

________________________

* ДИ (Давлати исломӣ) — созмони террористие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ аст

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: агентии Reuters

Декабрь 1, 2022 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд