Президенти Тоҷикистон дастур доданд, ки Консепсияи мудофиаи миллӣ таҳия гардад
ДУШАНБЕ, 23.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни ироаи Паёми хеш ба Парлумони кишвар Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомиро вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд.
Сарвари давлат хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳро барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ дониста, зикр намуданд, ки дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб мешавад.
«Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем»,-афзуданд Сарвари давлат.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






