Путин: Россия иттифоқчиёни худро бо ҳар восита ҳимоя менамояд

Декабрь 8, 2022 12:10

ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Россия иттифоқчиёни худро бо тамоми воситаҳо ҳимоя хоҳад кард, иброз дошт Президенти Россия Владимир Путин дар ҷаласаи Шӯрои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи башар, ки навори он аз тариқи «Кремл. Новости» низ дастрас аст.

Зимни посух а савол оид ба хавфи ҷанги ҷаҳонии атомӣ зикр  намуд, ки яроқи ядроии амрикоӣ бо миқдори зиёд дар қитъаи Аврупо ҷой гирифтааст.

Ӯ таъкид намуд, ки Россия ба фарқ аз ИМА дар кишварҳои дигар силоҳи тактикии ҳастаӣ надорад.

«Мо яроқи ядроии худро ба касе надодаем ва нахоҳем дод, вале, албатта, агар зарур шавад, мо иттифоқчиёни худро бо тамоми воситаҳои дар ихтиёрамонбуда муҳофизат мекунем», — гуфт Путин.

Дар ҳамин ҳол ӯ афзуд, ки Россия ният надорад, силоҳи ҳастаиро ба мисли асбоби риштарошӣ дар саросари ҷаҳон давида, алвонҷ диҳад.

Путин зикр кард, ки Федератсияи Россия «девона нашудааст» ва моҳияти яроқи ҳастаиро пурра дарк мекунад ва илова намуд, ки ин танҳо як «омили боздоранда» аст, ки ба густариши низоъҳо сабаб намешавад.

Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки ҳама инро дарк менамоянд.

«Ин воситаҳоро мо дорем, равшан аст, ки онҳо дар шакли пешрафта ва муосиртар нисбат ба дигар кишварҳое, ки яроқи ҳастаӣ доранд, мавҷуданд. Имрӯз ин воқеияти возеҳ аст»,- гуфт Президенти Россия дар мулоқот бо ШРҶШ.

АКС аз сомонаи Кремл

Декабрь 8, 2022 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид