РЕЙТИНГИ ФИФА. Тоҷикистон дар кадом мақом аст – далоил ва тафсилот
ДУШАЕБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дар раддабандии (рейтинги) Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки пас аз Чемпионати ҷаҳон-2022 дар Қатар таҷаддуд ёфтааст, дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо 1187 имтиёз дар мақоми 108-ум қарор дорад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба SPORTS.tj.
Дастаи мунтахаби Бразилия дар садри раддабандӣ қарор дорад. Ҷойи дуюмро Аргентина, сеюмро Фаронса ишғол мекунанд.
Белгия, ки пештар дар мақоми дуюм буд, ба зинаи чорум поин рафт.
Дастаи мунтахаби Марокаш аз ҳама нишондоди беҳтарро ба даст овард. Ин мунтахаби африқоӣ аз аввали соли 2022 соҳиби 142 хол шуда, ҳоло ба ҷойи 11-ум баромад.

Рейтинги дастаҳои мунтахаб аз рӯи фарзияи ФИФА:
- Бразилия – 1840
- Аргентина – 1838
- Фаронса – 1823
- Белгия – 1781
- Англия – 1774
- Нидерланд – 1740
- Хорватия – 1727
- Италия – 1723
- Португалия -1702
- Испания – 1692
- Марокаш – 1672
- Швейтсария – 1655
- ИМА – 1652
- Олмон – 1646
- Мексика – 1635
- Уругвай – 1627
- Колумбия – 1612
- Дания – 1608
- Сенегал – 1603
- Ҷопон – 1593.
Давлатҳои собиқ ИҶШС:
- Украина – 1536
- Россия – 1491
- Узбекистон – 1312
- Гурҷистон – 1305
- Арманистон – 1233
- Қирғизистон – 1231
- Беларус – 1221
- Тоҷикистон – 1187
- Эстония – 1186
- Қазоқистон – 1163
- Озарбойҷон – 1151
- Латвия – 1116
- Туркманистон – 1100
- Литва – 1069
- Молдова – 958.
Нишондиҳандаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги ҷаҳонӣ моҳи июли соли 2013 ба даст омада буд: дастаи мунтахаби кишвар он вақт мақоми 106-умро касб карда буд. Имсол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тавонист аз рӯи 40 банд боло равад. Аз рӯи натиҷаҳои раддабандии моҳона дастаи мунтахаби кишвар натиҷаи пасттаринро соли 2003 (ҷои 180-ум) нишон дода буд. Пасттарин нишондиҳандаи солона ба ҳисоби миёна соли 2002 (миёни 207 дастаи ҷои 168-ум) ба қайд гирифта шудааст.
Акс: FIFA








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






