Роҳбари СММ даъват намуд, ки ба пандемияҳои оянда омода бошем

Декабрь 28, 2022 12:48

ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 декабр, Рӯзи байналмилалии омодагӣ бар зидди эпидемия таҷлил гардид. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёме ба ин муносибат ёдовар шуд, ки COVID-19 ба оқибатҳои фалокатовар оварда расонид. Ӯ даъват ба амал овард, ки аз пандемияи имрӯза дарси ибрат гирифта, омодагии худро ба чунин ҳолатҳои фавқулода дар оянда таъмин бояд намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.

Антониу Гутерриш ёдовар шуд, ки бар асари пандемия якчанд  миллион нафар қурбон шуданд ва шумораи мубталоён ба садҳо миллион нафар расидааст. Иқтисоди баъзе кишварҳо хароб гардид, сохторҳои тандурустӣ то ҳадди ниҳоии имконияти худ кор карданд ва талафоти молиявӣ триллионҳо доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.

Бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ақибмонӣ аз суръати пешбинишуда ба назар гирифта шудааст. Дар баробари ин, мамлакатҳои тараққиёбанда, тавре котиби генералии СММ зикр намуд, ба тақдир ҳавола карда шуданд: пешниҳод намудани ваксина ва воситаҳои ташхису табобат ба онҳо бешармона рад карда  мешуд.

«COVID 19 — охирин эпидемия ё пандемияе, ки инсоният бояд бо он рӯ ба рӯ гардад, нест. Мо ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба таври ҷиддӣ дарсҳои даҳшатноки COVID 19-ро омӯзем ва захираҳои бештарро барои омодагӣ ба пандемия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳо сармоягузорӣ кунем», илова намуд роҳбари СММ.

«Моро инчунин зарур аст, ки дастрасии баробари ҳамаи кишварҳоро барои гирифтани ваксинаҳо, воситаҳои табобату ташхис ва технологияҳои наҷотбахши ҳаёт таъмин намоем», зикр дошт Дабири кулли СММ. Вай даъват кард, ки бар зидди маълумоти бардурӯғ ва илми қалбакӣ мубориза бурда, ба он донишҳои илмӣ ва иттилоотии ба далел асосёфтаро муқобил гузорем.

 Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»

АКС: ЮНИСЕФ/С.Вхардваҷ

Декабрь 28, 2022 12:48

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон