Роҳбари СММ даъват намуд, ки ба пандемияҳои оянда омода бошем
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 27 декабр, Рӯзи байналмилалии омодагӣ бар зидди эпидемия таҷлил гардид. Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар паёме ба ин муносибат ёдовар шуд, ки COVID-19 ба оқибатҳои фалокатовар оварда расонид. Ӯ даъват ба амал овард, ки аз пандемияи имрӯза дарси ибрат гирифта, омодагии худро ба чунин ҳолатҳои фавқулода дар оянда таъмин бояд намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти ин созмони ҷаҳонӣ.
Антониу Гутерриш ёдовар шуд, ки бар асари пандемия якчанд миллион нафар қурбон шуданд ва шумораи мубталоён ба садҳо миллион нафар расидааст. Иқтисоди баъзе кишварҳо хароб гардид, сохторҳои тандурустӣ то ҳадди ниҳоии имконияти худ кор карданд ва талафоти молиявӣ триллионҳо доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд.
Бо мақсади ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ақибмонӣ аз суръати пешбинишуда ба назар гирифта шудааст. Дар баробари ин, мамлакатҳои тараққиёбанда, тавре котиби генералии СММ зикр намуд, ба тақдир ҳавола карда шуданд: пешниҳод намудани ваксина ва воситаҳои ташхису табобат ба онҳо бешармона рад карда мешуд.
«COVID 19 — охирин эпидемия ё пандемияе, ки инсоният бояд бо он рӯ ба рӯ гардад, нест. Мо ҳамчун ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба таври ҷиддӣ дарсҳои даҳшатноки COVID 19-ро омӯзем ва захираҳои бештарро барои омодагӣ ба пандемия, пешгирӣ ва мубориза бар зидди онҳо сармоягузорӣ кунем», илова намуд роҳбари СММ.
«Моро инчунин зарур аст, ки дастрасии баробари ҳамаи кишварҳоро барои гирифтани ваксинаҳо, воситаҳои табобату ташхис ва технологияҳои наҷотбахши ҳаёт таъмин намоем», зикр дошт Дабири кулли СММ. Вай даъват кард, ки бар зидди маълумоти бардурӯғ ва илми қалбакӣ мубориза бурда, ба он донишҳои илмӣ ва иттилоотии ба далел асосёфтаро муқобил гузорем.
Азиза ДАДАБОЕВА
АМИТ «Ховар»
АКС: ЮНИСЕФ/С.Вхардваҷ








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






