Сафири Чин аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон боздид намуд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 декабр ба муносибати таҷлили санаи муҳим- 30 соли барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, ки дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, ташриф овард, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академияи мазкур.
Ёдовар мешавем, ки 4 январи соли 1992 дар шаҳри Душанбе маросими имзои Баёнияи муштарак дар бораи барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардида буд.
Ҳукуматҳои ҳарду давлат қарор доданд, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории байни мамлакатҳои худро дар асоси принсипҳои эҳтироми ҳамдигар ба соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзӣ, ҳуҷум накардан, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, баробарҳуқуқӣ ва нафъи ҳамдигар, инчунин ҳамзистии осоишта инкишоф диҳанд.
Аз рӯзи баргузории ин воқеа 30 соли ҳамкорӣ сипарӣ шуд, ки сеяки он (аз соли 2013) шарикии стратегӣ мебошад.
Зимни ташрифи сафир Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Абдухалил Ғафурзода меҳмонро бо фаъолияти Академия ва комёбию дастовардҳои он шинос намуд.


Тзи Шумин инчунин аз Маркази омӯзишии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маркази омӯзиш ва дастгирии занони роҳбар ва лаёқатманд, Маркази солимгардонӣ, парки технологӣ ва Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон дидан кард. Зимни ин боздид ҷонибҳо табодули назар карда, дурнамои ҳамкориро баррасӣ карданд.
Зимни сафари Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони номинаҳои озмуни “Сафири хурди фарҳанги СҲШ” доир гардид, ки дар он наврасони Тоҷикистон иштирок карданд.
Тзи Шумин дар қисмати ниҳоии боздид барои донишҷӯён, магистрантон ва кормандони Академия маърузаи кушод доир намуд, ки ба дастовардҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Чин ва дурнамои ҳамкории минбаъда бахшида шуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ








Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо ҳайати Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ-Австрия» иштирок намуд
Дар шаҳри Токио Наврӯзро ҷашн гирифтанд
Дар Москва Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил карда шуд
Дар Лондон Наврӯзи байналмилалӣ бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад






