Сафири Тоҷикистон дар Форуми 15-уми демократии Балӣ иштирок намуд

Декабрь 10, 2022 11:19

ДУШАНБЕ, 10.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия, Индонезия, Шоҳигарии Таиланд ва Намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар ЕСКАТО Ардашер Қодирӣ 8 декабр дар Форуми 15-уми демократии Балӣ (BDF 15), ки зери шиори «Демократия дар ҷаҳони тағйирёбанда: Роҳбарӣ ва ҳамбастагӣ» баргузор гашт, иштирок намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Форуми демократияи Балӣ (BDF), ки бо ташаббуси Индонезия баргузор мешавад, чорабинии ҳамасолаи фарогир ва кушодаи байниҳукуматӣ барои рушди демократия дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором мебошад.

Ҳадафи форум мусоидат ва рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самтҳои сулҳофарӣ ва демократия тавассути муколама дар асоси табодули таҷриба ва таҷрибаи пешқадам, риояи принсипи баробарӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамдигарфаҳмӣ мебошад.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 10, 2022 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид