ШОҲИ ФУТБОЛ ДАРГУЗАШТ. Ҷаҳон барои беҳтарин футболбози асри XX, чемпиони секаратаи ҷаҳон Пеле андӯҳгин аст

Декабрь 30, 2022 11:35

ДУШАНБЕ, 30.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони секаратаи ҷаҳон Пеле 29 декабр дар синни 82 даргузашт. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Бразилия муддати тӯлонӣ бо саратон, ки тирамоҳи соли 2021 дар ӯ ошкор шуда буд, мубориза мебурд. Бозигари собиқи «Сантос» аз муолиҷаи кимиётерапевтӣ гузашт, вале баъдан бадан ӯ ба табобат тоб наовард. Моҳи ноябри соли 2022 Пеле дар бемористон бистарӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба рӯзномаи «Спорт-Экспресс».

Номи пурраи Пеле Эдсон Арантис ду Насименту аст. Вай дар таърих ягона бозигарест, ки дар солҳои 1958, 1962 ва 1970 ба ҳайси як футболбоз се карат чемпиони ҷаҳон шудааст.

Хабари маҳзун ба мавзӯи асосии муҳокимаи мухлисон, роҳбарони футбол ва бозигарон табдил ёфтааст. Ҳама бозиҳои дарпешистодаи чемпионатҳои бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бо дақиқаи сукут ба ёди Пеле оғоз мешаванд. Дастаи «Сантос» мотами ҳафтрӯза эълон кард. Ҳама дар робита ба даргузашти ин нобиғаи футбол ҳамдардӣ изҳор менамоянд.

Пеле 23 октябри соли 1940 дар Трес-Корасойнс, Минас-Жерайси Бразилия чашм ба олами ҳастӣ кушод. Ба футбол муҳаббат пайдо карду шӯҳрати онро ончунон боло бардошт, ки худи Пелеро ҳам чун наҷме дар фазои ин риштаи варзиш рӯшан кард.


Лақаби Пелеро ба ӯ ҳамсинфонаш гузоштанд ва намедонистанд, ки чӣ маъное дорад. Ба худи Пеле он маъқул набуд, вале чи илоҷ, ки ин номро ба ситорае табдил доду дурахшиду майдонҳои футболро рӯшан кард ва мавҷи наверо ба ҷилва даровард.

Солҳо гузаштанду ҷаҳон дар бораи ӯ ҳарф мезад. Шӯҳрати дастаи яккачини Бразилияро ба арши аъло расонид. Ҳамагӣ дар ҳайати се клуб- “Бауру” дар кӯдакию ҷавонӣ ва баъдан аз соли 1956 то 1974 дар “Сантос”-у аз соли 1975 то 1977 дар “Ню Йорк Космос”- и Амрико бозӣ кардааст. Дар 560 бозӣ дар ҳайати ин клубҳо ба дарвозаҳо 541 гол зад. Дар ҳайати дастаи мунтахаби Бразилия аз соли 1957 то 1971 бозӣ карду дар 92 вохӯрӣ 77 голро ба нишон расонид. Чемпиони секаратаи ҷаҳони соли 1958 дар Шветсия, 1962 дар Чилӣ ва соли 1970 дар Мексика мебошад.

Унвонҳову нишондиҳандаҳои аввалини футболӣ ба ӯ мансубанд. Се карат чемпиони ҷаҳон буданаш ҳамаро дар сояи ӯ вогузошт.


Пеле метавонист дар клубҳои машҳури ҷаҳон, чун “Реал”-у “Манчестер Юнайтед”, ки вазъи молиявиашон аз ҳама баланд буд, бозӣ кунад, аммо ҳукумати Бразилия Пелеро сарвати миллии Бразилия эълон карда, гузаришашро ба дигар клубҳо манъ кард.

Пеле дар фаъолияти футболиаш дар 1383 бозӣ 1281 тӯб задааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 30, 2022 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд