Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад»
ДУШАНБЕ, 24.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин нукта имрӯз аз ҷониби Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷиддин Муҳриддин зимни нишасти 9-уми вазирони корҳои хориҷии «Муколамаи Осиёи Марказӣ – Ҷопон» тазаккур дода шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, зимни нишаст, ки таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ҷопон Ҳаяшӣ Ёсимаса гузашт, масъалаҳои тавсеаи ҳамкории Осиёи Марказӣ бо Ҷопон, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ, татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар минтақа ва таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ иброз дошт, ки Ҷопон яке аз шарикони муҳими рушди Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳамкории созандаи мо бо Ҷопон дар татбиқи тадбирҳои Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат мекунад.

Соли 2004 «Муколамаи Осиёи Марказӣ + Ҷопон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷопон бо мақсади таҳкиму тавсеаи ҳамкории минтақавӣ таъсис дода шудааст. Дар чаҳорчӯби Муколама ҳашт вохӯрии вазирони корҳои хориҷӣ, понздаҳ нишасти масъулони аршади Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар сатҳи муовинони вазирони корҳои хориҷӣ, ёздаҳ муколамаи зеҳнӣ (муколамаи Токио), ҳафт мулоқоти коршиносон ва ду муколамаи корӣ баргузор гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Тоҷикистон машварати 7-уми Муколамаи вазирони корҳои хориҷии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор шуд.
Дар он вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Ҷопон ва муовини Вазири корҳои хориҷии Туркманистон, инчунин ба ҳайси меҳмони фахрӣ Вазири корҳои хориҷии Афғонистон иштирок доштанд.
Дар доираи машварат се ҷаласа дар мавзӯъҳои «Ҳамкории амалии кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар бахши сайёҳӣ», «Ҳамкории кишварҳои аъзои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар соҳаҳои савдо, сармоя ва рушд», инчунин «Амнияти минтақавӣ ва ҳамкории минтақавӣ» доир гардид.
Дар фарҷоми машварат роҳбарони ҳайатҳо Изҳороти муштараки машварати 7-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон»-ро ба тасвиб расониданд.
Хотиррасон менамоем, ки иштирокдорони ин машваратро Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфтанд.
Акс: ВКХ ҶТ








Низоми бераводид байни Тоҷикистон ва Молдова нигоҳ дошта мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Осиё мулоқот намуд
Сафорати Тоҷикистон дарҳояшро барои хонандагони Москва боз намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод нишасти матбуотӣ оид ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалии об баргузор гардид
Ҳолати кунунии муносибатҳои Тоҷикистону Таиланд баррасӣ гардид
Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд
Шараф Шерализода дар Барселона бо намояндагони ниҳодҳои Испания мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон оид ба нақлиёт ва коммуникатсия мулоқот намуд
Дар Шуша ҷаласаи 7-уми вазирони Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ баргузор гардид
Зарурати тақвияти ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва иёлоти Ютаи Амрико таъкид шуд






