СММ аз толибон даъват намуд амрҳоеро, ки ҳуқуқи занонро поймол мекунанд, бекор намоянд
ДУШАНБЕ, 28.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк мақомоти кунунии Афғонистонро дубора даъват намуд, ки фавран ҳамаи фармонҳоеро, ки ба поймолкунии ҳуқуқҳои занон равона шудаанд, аз ҷумла фармони чанде қабл баровардаашонро, ки дар ташкилоти ғайридавлатӣ кор кардани занонро манъ менамояд, бекор кунанд. Ӯ ҳушдор дод, ки ин гуна тасмимҳо сабаби «силсилаи оқибатҳои ногувор» барои ҳаёти занон гардида, тамоми ҷомеаи Афғонистонро зери хатари нооромӣ қарор медиҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти хабарии СММ иттилоъ медиҳад.
«Ягон кишвар наметавонад аз ҷиҳати иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бидуни мавҷудияти як қисмати аҳолияш рушд ва зиндагӣ намояд. Маҳдудияти ғайричашмдошт нисбат ба занону духтарон на танҳо боиси ранҷу азобҳои бештар барои тамоми афғонҳо мешавад, балки дар берун аз Афғонистон низ метавонад ба оқибатҳои хатарнок табдил ёбад»,- гуфт Фолкер Тюрк.
«Ман аз ҳукумати кунунии ин кишвар даъват менамоям, ки риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои ҳамаи занону духтаронро таъмин кунад — онҳо ҳуқуқ доранд, ки овозашон шунида шавад, [дар ҳаёти ҷомеа] иштирок кунанд ва тибқи уҳдадориҳои байналмилалии Афғонистон, дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми худро гузоранд»,-изҳор намуд ҳимоякунандаи асосии ҳуқуқи инсон дар СММ.
24 декабр мақомоти кунунии Афғонистон фармоне содир карданд, ки занонро аз кор дар созмонҳои ғайридавлатӣ манъ мекунад. Қабл аз ин толибон таҳсили занон дар донишгоҳҳои Афғонистонро манъ карда буданд.
Рӯзи шанбе Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш гуфт, ки аз гузоришҳо дар бораи фармони нави мақомоти Афғонистон «амиқан нигарон» аст. Ӯ ёдовар шуд, ки ҳамаи занҳо ҳуқуқи кор кардан доранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: Миссияи СММ/ Ф. Поя








Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд
Дар Покистон бар асари боронҳои шадид ва обхезӣ 307 нафар ҳалок ва даҳҳо нафар маҷруҳ шуданд
Ҳамоиши Воситаҳои ахбори омма ва марказҳои таҳлилии СҲШ дар Чжэнчжоу баргузор мешавад
Дар натиҷаи суқути ҳавопаймои Ан-24 дар вилояти Амури Русия ҳамаи мусофирон ҳалок шуданд
Бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ҳамасола сабаби 1,8 миллион марги пешгиришаванда мегарданд






