Созмони ҷаҳонии метеорологӣ: бо норасоии об дар оянда зиёда аз панҷ миллиард нафар сокинони сайёра рӯбарӯ хоҳанд шуд

Декабрь 1, 2022 13:35

ДУШАНБЕ, 01.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. То соли 2050 беш аз панҷ миллиард нафар сокинони Замин ба ин ё он дараҷа ба норасоии об дучор хоҳанд шуд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора дар гузориши «Вазъи захираҳои обӣ дар ҷаҳон», ки 29 ноябри соли 2022 аз ҷониби Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) нашр гардид, гуфта шудааст.

Созмон гузориши аввалини худро дар ин мавзӯъ дар асоси натиҷаи таҳлили таъсири иқлим, тағйироти иҷтимоӣ ва муҳити зист ба манбаъҳои обии Замин интишор кардааст. Санад дар бораи ҳаҷми ҷаҳонии захираҳои оби тоза маълумот дода, инчунин мавқеи осебпазири криосфераи Заминро (барф ва ях) нишон медиҳад.

Ҳоло 3,6 миллиард нафар бо мушкили норасоии дастрасӣ ба об дар муддати ҳадди ақал як моҳ дар сол рӯбарӯ ҳастанд.

Интизор меравад, ки ин рақам то соли 2050 ба беш аз панҷ миллиард афзоиш хоҳад ёфт.

Дар Африқо сатҳи об дар дарёҳои Нигер, Волта, Нил ва Конго дар соли 2021 ба таври назаррас камтар аз меъёр буд. Дар баъзе минтақаҳои Россия ва Осиёи Марказӣ низ ин чиз мушоҳида шудааст.

Дар маҷмӯъ, дар гузориш гуфта мешавад, ки тамоюлҳои манфӣ аз тамоюлҳои мусбат қавитар хоҳанд гашт, яъне таъмини оби зеризаминӣ тадриҷан коҳиш меёбад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: хадамоти хабарии СММ ООН / Л. Куинонес

Декабрь 1, 2022 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид