Тақрибан 9 миллион нафар аҳолӣ дар Украина аз барқ маҳрум мемонанд

Декабрь 27, 2022 08:20

ДУШАНБЕ, 27.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. То шоми душанбеи 26 декабр тақрибан аз чаҳор як ҳиссаи аҳолии ин кишвар — қариб 9 миллион нафар украиниҳо бе барқ ​​мемонанд. Дар ин бора Президенти Украина Владимир Зеленский дар паёми видеоии шомгоҳӣ хабар дод, иттилоъ медиҳад агентии иттилоотии «Укринформ».

«То ҳолати шоми имрӯз дар манотиқи мухталифи Украина қариб 9 миллион нафар (аз интиқоли барқ.-​​ АМИТ «Ховар») маҳрум шудаанд. Аммо шумора ва давомнокии қатъкуниҳо тадриҷан кам мешавад. Ташаккур ба ҳар нафаре, ки ин натиҷаро фароҳам овардааст»,- зикр кард ӯ.

Сарвари давлат хабар дод, ки бо масъулин роҷеъ ба вазъи энергетика ва инфрасохтор ҷаласаи вижа доир кардааст. «Мо барои соли оянда омодагӣ мебинем. Ва на танҳо ба моҳҳои зимистон. Таҳдидҳое ҳастанд, ки бояд бартараф карда шаванд. Иқдоме ҳастанд, ки бояд амалӣ шаванд. Ва давлат онҳоро ҳатман ба анҷом мерасонад», — илова намуд Зеленский.

Азиза ДАДАБОЕВА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Декабрь 27, 2022 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид