Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор муборизаи муштарак мебаранд
ДУШАНБЕ, 08.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ муборизаи муштарак мебаранд. Дар ин хусус ҳукуматҳои ҳарду давлат созишномаи дахлдор ба имзо мерасонанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаи мазкур 6 декабр зимни мулоқоти Директори Агентӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо Сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Валид ибни Абдураҳмон ар-Рушайдон баррасӣ гардид.
«Зимни мулоқот масъалаи лоиҳаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои кимиёвӣ баррасӣ гардида, тезонидани баимзорасонии он ба мақсад мувофиқ дониста шуд», — гуфта мешавад дар иттилоияи Агентӣ.
Ҳамчунин Ҳабибулло Воҳидзода оид ба вазъи нашъамандӣ дар ҷумҳурӣ ва минтақа, тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти назорати муомилоти маводи нашъаовар, фаъолияти мақомоти салоҳиятдор дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ, ҳамкории Агентӣ бо мақомоти ваколатдори дигар кишварҳо маълумот манзур намуд.
Сафири Арабистони Саудӣ масъалаи мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар баррасии он мусоидат хоҳад кард.
Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар самти назорати маводи нашъаовар баён намуданд.
АКС: Агентии назорати маводи нашъаовар








Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд






