Тоҷикистон ва Фаронса дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷонибаро баррасӣ намуданд

Декабрь 9, 2022 09:25

ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. 8 декабр дар шаҳри Париж вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса хонум Катрин Колонна баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо аз натиҷаҳои боздиди расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Фаронса дар моҳи октябри соли 2021 ва муколамаи сатҳи олии дар доираи он анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии хешро ба манзури татбиқи зарфияти иловагии таҳкиму ғанисозии равобити ҳарду кишвар таъкид доштанд.

Инчунин зимни мулоқот масъалаҳое, ки зимни гуфтугӯи телефонии роҳбарони ду кишвар моҳи ноябри соли ҷорӣ муҳокима карда буданд, баррасӣ шуда, дигар масоили дуҷонибаю минтақавии мавриди эҳтимоми тарафайн, хусусан вазъ дар Афғонистон ва таҳкими сарҳад матраҳ гардиданд.

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, 26 ноябри соли 2022 бо ташаббуси ҷониби Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат Пешвои миллат аз ҷараёни рушди робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Фаронса тайи 30 соли барқарории муносибатҳои дипломатӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштараки минбаъдаро ҷиҳати татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои миёни ду кишвар зимни музокироти сатҳи олӣ дар Париж дар соли 2021 бадастомада таъкид карданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла амнияти минтақавӣ ва муқовимати муштарак ба хатару таҳдидҳои муосир — терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Зимнан, қазияи Афғонистон дар маркази диққати ҷонибҳо қарор дошт. Дар ин қарина атрофи вазъи низомиву сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон ва дурнамои рушди он мубодилаи афкори муфассал сурат гирифт. Президентҳо зарурати коркарди мавқеъҳои умумӣ ва андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳониро ҷиҳати мусоидат ба раванди интиқоли ин кишвар ба маҷрои сулҳу субот ҳамчун шарти асосии таъмини амнияти минтақа таъкид карданд.

Дар хотимаи суҳбат Президентҳо аз сатҳу ҳолати имрӯзаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Акс: ВКХ ҶТ

Декабрь 9, 2022 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт чорабинии тантанавӣ доир гардид
Нишасти навбатии Гурӯҳи корӣ дар қолаби С5+Олмон баргузор гардид
Тоҷикистон аз созиши оташбас байни Исроил ва Эрон истиқбол менамояд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Малдив эътимоднома супорид
Дар Душанбе тақвияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар соҳаи иқтисоду тиҷорат баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тоҷикистон зарбаҳои неруҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Исроилро ба иншооти ҳастаии Эрон қатъиян маҳкум мекунад
Роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии кишварҳои ИДМ дар Санкт-Петербург рушди ҳамкориро баррасӣ намуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ «Осиёи Марказӣ – меҳвари СҲШ: 25 соли ҳамкорӣ ба хотири рушди муштарак» доир гардид
Дар Корея аз иқдомҳои Тоҷикистон дар самти мубориза бо биёбоншавӣ ва хушкӣ ёдовар шуданд