Тоҷикистон ва Қирғизистон тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуданд

Декабрь 7, 2022 09:03

ДУШАНБЕ, 07.12.2022 /АМИТ «Ховар»/.  Дар асоси мувофиқаи бадастомадаи Тарафҳо 1 – 6 декабр дар шаҳри Ботканд вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Зимни вохӯрӣ Тарафҳо тавсифи лоиҳавии гузариши хатти сарҳади давлатиро ба масофаи 17,66 км иҷро намуда, ҷиҳати идомаи корҳо нақша-ҷадвали вохӯриҳоро барои соли 2023 мувофиқа карданд»,- таъкид намуданд дар ВКХ Тоҷикистон.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ баргузор шуд.

Вохӯрии навбатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС аз бойгонӣ

 

Декабрь 7, 2022 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҳамватанони бурунмарзии муқими шаҳри Ашқобод вохӯрӣ доир шуд
Масъалаи тақвияти ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон бо музофоти Бавария баррасӣ шуд
Дар доираи Форуми минтақавӣ оид ба рушди устувор таҳти унвони «Пиряхҳо сарчашмаи оби тоза» ҳамоиш баргузор гардид
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо Кумитаи зиддитеррористии Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Форум оид ба Ҳадафҳои Рушди Устувор иштирок намуд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Вена таҷлил гардид
ЭЪЛОН! Бақайдгирии намояндагони воситаҳои ахбори омма барои инъикоси Конфронси сеюми оби Душанбе оғоз шуд
Дар Олмон зарфияти фаровони манбаъҳои неруи таҷдидпазири Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Дар Женева масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкории минтақаҳои Тоҷикистон бо Райнланд-Пфалтси Олмон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Кувайт ба баргузории машварат байни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлат изҳори омодагӣ намуданд
Сафорати Тоҷикистон бо Академияи дипломатияи фарҳангӣ ҳамоиши иқтисодии Берлинро баргузор намуд