«ТУРИЗМ ДАР ШОҲРОҲИ АБРЕШИМ-2022». Дар ин намоишгоҳи байналмилалӣ имконоти сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 05.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Аз 30 ноябр то 2 декабр дар шаҳри Тошканд Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «Туризм дар Шоҳроҳи Абрешим– 2022» баргузор гардид, ки дар қатори беш аз 300 намояндагии соҳа аз 30 кишвари ҷаҳон 50 ширкати сайёҳии ватанӣ зарфияти бойи сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар кори намоишгоҳ роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, роҳбарону намояндагони ассотсиатсияҳои сайёҳӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу табобатгоҳҳо, Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон, шарикони рушд, аз ҷумла Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, дафтари АКТЕД дар Душанбе иштирок намуданд.
Дар гӯшаи сайёҳии мамлакат бартарияти рақобатнокии Тоҷикистон, аз ҷумла, иқтидори бойи табиӣ, сайёҳии табобатию солимгардонӣ ва имконияти машғулият бо намудҳои сайёҳии экологӣ, варзишию кӯҳнавардӣ, фарҳанги нодир ва тамаддуни бою қадимӣ инъикос гардиданд.

Платформаи намоишгоҳ имкон дод, ки дар он ташкилоту ассотсиатсияҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои соҳаи сайёҳии кишвар хизматрасониҳои худро ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пешниҳод намоянд. Ҳамзамон тариқи вохӯриҳои «В2В», ки зимни намоишгоҳҳои мазкур баргузор мегарданд, тавонистанд бо ҳамтоёни худ ҳамкориро бо имзои силсилаи созишномаҳо тақвият бахшанд.

Дар ҳошияи намоишгоҳ мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Сарвазир – Вазири сайёҳӣ ва мероси фарҳангии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов баргузор гардид. Дар он масъалаи дурнамои рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи сайёҳӣ бо мақсади тавсеаи минбаъдаи робитаҳои мутақобилан судманд муҳокима гардид.

Ҳамчунин вохӯриҳои роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ бо намояндагони Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Палатаи тиҷоратии Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ бо қароргоҳ дар Сингапур, Хадамоти тиҷоратии BBC World News дар Авруосиё баргузор шуданд.
Бо мақсади тавсеи бештари ҳамкорӣ дар ҳошияи намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Тошканд мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони мақомоти сайёҳии Федератсияи Россия, Қазоқистон ва вилоятҳои Фарғона, Қашқадарё ва Сурхондарёи Узбекистон анҷом дода шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди ҲҶТ









Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






