Туркманистон шабакаи миллии бе интернет таъсис медиҳад

Декабрь 20, 2022 12:20

ДУШАНБЕ, 20.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов қарор дар бораи таъсиси комиссия оид ба таҳияи Консепсияи ташаккули Шабакаи миллии рақамиро, ки ба интернет пайваст нест, ба имзо расонд, хабар медиҳад агентии иттилоотии давлатии «TDH»-и ин кишвар. Мутобиқи он, ҳайати комиссия тасдиқ карда шуд, ки бояд барои ташкили Шабакаи мухтори миллии рақамӣ тадбирҳои системавӣ андешад.

Дар доираи рушди технологияҳои рақамӣ дар Туркманистон таҳияи замимаҳои ватанӣ, сомонаҳо ва платформаҳое, ки барои кор ва фароғат пешбинӣ шудаанд, фаъолона идома дорад. Масалан, ширкати давлатии телекоммуникатсионии «Туркментелеком» дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои хусусии шарикӣ экосистемаи миллиро аз хизматрасониҳои муфид ба вуҷуд меорад.

АКС: orient.tm

Декабрь 20, 2022 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид