Варзишгари тоҷик Муҳаммадалӣ Мирзоев дар Чемпионати Осиё оид ба пауэрлифтинг сазовори медали тилло шуд
ДУШАНБЕ, 09.12.2022 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик ва Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадалӣ Мирзоев дар Чемпионати Осиё оид ба пауэрлифтинг (вазнбардории секарата) дар вазни 120 кг соҳиби медали тилло гардид ва бо бардоштани 194,5 кг вазн (хобида) дар қораи Осиё рекорд гузошт. Дар ин бора Муҳаммадалӣ Мирзоев ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Дар ин мусобиқаи сатҳи баланд, ки аз 1 то 7 декабр дар шаҳри Дубайи Амороти Мутаҳидаи Араб баргузор шуд, ӯ миёни варзишгарони 29 кишвари Осиё сазовори ҷойи аввал шуд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадалӣ Мирзоев дар намуди пауэрлифтинг Устоди варзиши Тоҷикистон, чемпиони чандинкаратаи ҷумҳурӣ, чемпиони мутлақи ҷумҳурӣ, аввалин чемпиони Осиё оид ба Федератсияи байналмилалии пауэрлифтинг (IPF) дар Тоҷикистон байни наврасон ба ҳисоб меравад.
Мавриди зикр аст, ки Муҳаммадалӣ Мирзоеви 23-сола дар Чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон, ҷавонон ва наврасон, ки 21-29 майи соли равон дар шаҳри Алмато баргузор шуд, байни варзишгарони беш аз 30 кишвари ҷаҳон дар вазни 105 кг сазовори медали нуқра гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд






