«ВОЛОНТЁРӢ-ШАРАФ АСТ!». Дар Кумитаи кор бо ҷавонон бахшида ба Рӯзи волантёрон ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 05.12.2022. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо иштироки беш аз 250 нафар волонтёрон-аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид, иттилоъ доданд дар Кумитаи мазкур.
Зикр шуд, ки ҳадафи асосии фаъолияти волонтёрӣ иҷрои корҳои хайриявӣ, бардошти таҷрибаи иҷтимоӣ барои шаҳрвандон, тавсеаи рушди шахсият, омўхтани таҷрибаи кор аз рўи ихтисоси интихобнамуда ва имкони шинохти худ дар ҷомеа мебошад.
Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» — Абдулло Раҳмонзода, Раиси Федератсияи Иттифоқи касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ва роҳбари Дастгоҳи Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Абдураҳмон Хонзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Раиси Кумита Абдулло Раҳмонзода ҳамаи иштирокчиёни ҳамоишро бо Рӯзи байналмилалии волонтёрон табрик намуда, саҳми онҳоро дар амалӣ намудани иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати кишвар ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ, расонидани ёрии ҷамъиятӣ, анҷом додани корҳои хайриявию ризокорӣ ва иштироки фаъолона дар барномаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ баланд арзёбӣ намуд.
«Имрӯз мафҳуми волонтёрӣ ва муҳим будани хизмати онҳо дар ҷомеа аллакай дарк гардидааст. Ҳамарӯза ҷавонони зиёд ҳам дар пойтахти мамлакат ва ҳам дар шаҳру ноҳияҳо муроҷиат мекунанд ва хоҳиш доранд, ки дар ин мактаб тарбия ёфта, ба камол расанд, вақту дониш ва имконияти худро ба фоидаи ҷомеа сарф намоянд»,-гуфт Раиси Кумита.
Ҳамзамон аз номи кулли иштирокчиёни ҳамоиш муроҷиатнома қабул гардид.
Дар охири ҳамоиш барои саҳми арзанда гузоштан дар фаъолияти ризокорӣ волонтёрон бо Сипоснома ва туҳфаҳои Кумита бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддитабъизӣ қабул гардид
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ — ТАҶАССУМГАРИ ҲУВИЯТИ ТАЪРИХ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар Рӯзи Парчами давлатӣ
АВВАЛИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Ин парчами таърихӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфуз аст
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба фарзандон аз синни хурдсолӣ бояд маънии парчамдориву соҳибдавлатӣ, арзиши сулҳу ваҳдатро омӯзонем»
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Парчами давлатиро ботантана ҷашн гирифтанд
Арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди ватандӯст, — бардошт аз ҳамоиш дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
Дар Русия аз соли 2027 назорати даромади муҳоҷирони меҳнатӣ пурзӯр карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар лагери ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Ҷинани Чин иштирок доранд
Марҳилаи тиллоии парчамдории тоҷику тоҷикистониён аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ сарчашма гирифтааст
«ТОҶИКИСТОН, ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН!». Парчами давлатӣ рамзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва шарафу номуси миллат аст
Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд






