35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор 18 бинои маркази саломатӣ ва 6 муассисаи томактабӣ таҷдид карда мешавад

Январь 29, 2023 13:19

ДУШАНБЕ, 29.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  шаҳри Ҳисор 18 бинои маркази саломатӣ ва 6 муассисаи томактабӣ таъмиру навсозӣ карда мешаванд.  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад, ки таъмиру таҷдиди биноҳои бахши  тандурустӣ ва маориф дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон»-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён мегирад.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои таъмиру таҷдид дар иншооти соҳаи иҷтимоӣ масъулони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор аз Ҷамоати деҳоти Навобод боздид намуда, бо корҳои навсозӣ дар марказҳои саломатӣ шинос гардиданд.

Мушоҳида шуд, ки устоҳои таъмиргари ҶДММ «Арх-Дизайн» машғули кор буданд ва тибқи иттилои сарвари сохтмончиён, баҳри ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот саъю талош менамоянд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Ҳисор

Январь 29, 2023 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд