Беш аз 20 коркарди олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба истеҳсолот пешниҳод гардидаанд

Январь 6, 2023 08:52

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Барои истифодаи амалӣ дар истеҳсолот беш аз 20 коркард ва таклифу тавсияҳои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд. Ин матлаб дирӯз дар маҷлиси умумии солонаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баён гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Академия.

Дар ҷаласа натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ ва илмиву ташкилии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 мавриди баррасӣ ва тасдиқ қарор гирифтанд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон неруи илмиро барои тараққӣ додани таҳқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба самтҳои афзалиятноки илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ, ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотии академӣ, соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, амалӣ намудани сиёсати илмию техникӣ, таҳлили рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва илмиву технологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи тавсияҳои дахлдор, омӯзиши дастовардҳои илм ва техноло­гияи ҷаҳонӣ, мусоидат ба истифодаи ин дастовардҳо дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян кардану дастгирӣ намудани муҳаққиқони ҷавони лаёқатманд, тарбияи кадрҳои илмии тахассуси олӣ равона карда, дар ин муддат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.

Бо мақсади баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникии аспирантону магистрантҳои Академия соли 2022 бо иштироки кормандони муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои академияҳои соҳавӣ, магистрантҳою докторантҳо, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва донишҷӯёни онҳо машваратҳо ташкил карда шуданд, ки дар онҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои мухталифи илм мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин дар ҷаласа иброз гардид, ки барои ҷилди аввали «Таърихи Тоҷикистони шӯравӣ», ки «Тоҷикистон дар солҳои 1917-1941» ном дорад, ҷамъоварии маводи илмию таҳлилӣ ва навиштани бахшҳои алоҳида идома дода шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа барои дастовардҳои назарраси илмӣ ба кормандони илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мукофотҳои вазорату идораҳо ва диплому ҷоизаҳои Академия барои олимони беҳтарин тақдим гардиданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Январь 6, 2023 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Беш аз 200 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд