АЛОМАТИ РАНГИ САФЕД. Аз 1 март дар Россия ранги нави чароғак пайдо мешавад

Январь 6, 2023 10:46

ДУШАНБЕ, 06.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 март дар Россия тасвири сафеди пиёдагард бо аломате дар чароғак, ки ишора мекунад бо самти ҳаракат пиёдагардҳо метавонанд аз роҳ гузаранд, пайдо мешавад. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора ба агентии  «Прайм» шарики идоракунандаи ширкати ҳуқуқии «Мавқеи қонун» Егор Редин иттилоъ додааст.

Ин аломат қоидаҳои нав ҷорӣ намекунад – бе ин ҳам ронанда вазифадор аст, ки дар чорроҳа ба пиёдагардҳо роҳ диҳад. Он барои маълумоти иловагӣ пешбинӣ шудааст. «Пештар ин ранг аллакай дар баъзе минтақаҳо ба сифати таҷриба кор мекард», — хотиррасон намуд Редин.

Ба гуфтаи ӯ, ин аломат самаранокии баланд нишон дода, мизони садамаро коҳиш дод ва аз моҳи марти соли 2023 дар саросари кишвар истифода мешавад.

Дар зери чароғаки асосӣ тирчаи сафед бо тасвири пиёдагард илова карда мешавад, ки зери рангҳои асосӣ ҷойгир аст. Аломат нишон медиҳад, ки дар самти ҳаракат, одатан баъди гардиш пиёдагард бинобар ранги иҷозатдиҳандаи чароғаки роҳнамо ҳуқуқ дорад аз роҳ гузарад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 6, 2023 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад