ҲАМДИЛӢ АЗ ҲАМЗАБОНӢ БЕҲТАР АСТ. 31 соли муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия

Январь 31, 2023 10:03

ДУШАНБЕ, 31.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Бо мурури замон муносибат ва ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Туркия дар авлавияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, то ба имрӯз дар самтҳои гуногун ба таври самаранок идома дорад. Дар ин давраи нисбатан кӯтоҳи таърихӣ ду давлат аз рӯи натиҷаҳои ҳамкорӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Чунин иброз доштааст Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон ГУЛОВ дар суҳбат бо Агентии иттилоотии «Анадолу»-и Туркия дар мавзӯи «31 соли равобити муваффақи дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия».

Дар зер матни пурраи он пешниҳод мешавад.

-Ҷумҳурии Туркия ҳамчун давлати дӯсту бародар яке аз аввалин кишварҳое буд, ки Истиқлоли ҷумҳурии моро 16 декабри соли 1991 эътироф кард ва муносибатҳои дипломатиашро бо Тоҷикистон 29 январи соли 1992 барқарор намуд.

Дар муносибатҳои дуҷонибаи ду давлат фазои мусоиди эътимод, заминаи зарурии сиёсию ҳуқуқӣ ва василаҳои таъмини ҳамкории мутақобилан судманд фароҳам оварда шудаанд.

Тоҷикистон ва Туркия оид ба аксари масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ мавқеи ҳамсон ва ё монанд доранд. Дар арсаи байналмилалӣ аз ташаббусҳо ва мавқеи созандаи ҳамдигар ҷонибдорӣ менамоянд.

Дар тӯли 31 соли муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Туркия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Туркия (солҳои 1996, 1998, 1999, 2006, 2009, 2010 ва 2012) ва президентҳои Ҷумҳурии Туркия аз Ҷумҳурии Тоҷикистон (1995, 2001, 2009 ва моҳи июни соли 2019) боздид ба амал овардаанд, ки ҳамаи ин сафарҳо ва вохӯриҳо дар равобити ду давлати дӯсту бародар саҳифаҳои нав ба нав боз карданд. Бахусус, натиҷаҳои сафари охири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия дар соли 2012 ва мулоқоти созанда бо Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдуғон дар моҳи ноябри соли 2021 дар шаҳри Ашқобод дар ҳошияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мақоми хос доранд. Инчунин моҳи марти соли 2021 Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу бо сафари расмӣ ҷиҳати иштирок дар Форуми «Қалби Осиё-Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон омада, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин низ дар доираи сафари корӣ (18-20 июн соли 2021) дар Форуми дипломатии Анталия иштирок намуд. Ин сафарҳои вазирон барои густариши робитаҳо ва ҳамкории ду кишвар заминаи зарурӣ фароҳам овард ва ҳоло баҳри татбиқи санадҳои ҳамкории баимзорасида ва мувофиқаҳои ҷонибҳо тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Имсол ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 31 сол пур мешавад. Дар тӯли ин солҳо дар соҳаҳои гуногун натиҷаҳои мусбат ба даст оварда шуданд. Хусусан ҳамкорӣ дар самтҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, энергетика, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, маориф, тандурустӣ, сиёсиву амниятӣ аз афзалиятҳо ба шумор меравад.

То ба имрӯз байни ду давлат заминаҳои мусоиди ҳуқуқии муносибат ва ҳамкорӣ ташаккул ёфтаанд. Дар ин давра зиёда аз 70 адад созишномаю тафоҳумномаҳо ва дигар санадҳои ҳамкорӣ байни ду мамлакат ба имзо расидаанд. Маҳз дар заминаи он санадҳо имконияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои дар боло номбаршуда фароҳам гардид. Ҳоло дар баррасии ҷонибҳо зиёда аз 30 лоиҳаи санадҳои дигар қарор доранд.

Рӯйдодҳои қобили таваҷҷуҳи соли 2022- ин мубодилаи барқияҳои табрикӣ байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тейип Эрдуғон ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии робитаҳои дипломатии ду давлат мебошад. Ҳамзамон давоми соли 2022 сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Туркия ду маротиба гуфтугӯи телефонӣ анҷом доданд.

Бояд гуфт, ки Туркия ба барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои собиқ узви Иттиҳоди Шӯравӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Тасдиқи ин гуфтаҳо пазироии вазири корҳои хориҷии кишвари иқомат Мевлют Чавушоғлу ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатии Туркия бо кишварҳои дӯст ва бародар, аз ҷумла Тоҷикистон 6 июни соли 2022 мебошад.

Саҳми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия дар муҳокимаи масъалаҳои қобили таваҷҷуҳ басо назаррас мебошад. Зимни вохӯриҳо масоили рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия ва роҳҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар бахшҳои сиёсиву амниятӣ, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. То ба имрӯз 6 ҷаласаи он доир гардида, охирин машварат 1 декабри соли 2022 дар Душанбе баргузор шуд.

Ҳамзамон дар муносибатҳои сиёсии ду давлат ҳамкории байпарлумонӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Хусусан дар рушд ва тақвияти муносибатҳо фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ назаррас мебошад.

Моҳи октябри соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия ташриф оварда, бо Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Раиси Маҷлиси Бузурги Миллӣ Мустафа Шентоп ва вазири корҳои хориҷӣ Мевлют Чавушоғлу вохӯрӣ доир намуд.

Дар соҳаи мудофиа ҳамкории байнидавлатӣ пайваста тақвият дода мешавад. 20 апрели соли 2022 дар ҷараёни сафари кории ҳайати Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории ҳарбӣ, ки аз соли 2002 дар баррасии ҷонибҳо қарор дошт, ба имзо расонида шуд.

Инчунин моҳи июли соли 2022 дар ҷараёни сафари кории ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия имзо гардид.

Дар баробари ҳамкории сиёсӣ равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ низ дар сатҳи хуб қарор доранд.

Дар баробари ҳамкории сиёсӣ ҷонибҳо ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Чунончӣ, дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ аз соли 1993 Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ташкил шуд ва то ба имрӯз ёздаҳ нишасти Комиссия дар Душанбе ва Анқара баргузор гардидааст.

Моҳи октябри соли 2021 дар ҳошияи нишасти 11-уми Комиссияи мазкур дар шаҳри Душанбе Форуми саноатӣ-иқтисодии Тоҷикистону Туркия ва В2В вохӯриҳои соҳибкорону сармоягузорон бо иштироки беш аз 150 субъекти бахши хусусии Тоҷикистону Туркия баргузор гардида, санадҳои ҳамкорӣ бо арзиши умумии 75,0 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.

16 декабри соли 2021 дар шаҳри Қуния Форуми тиҷоратии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 150 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистон ва Туркия иштирок намуданд.

Дар ҳошияи форум якчанд санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт бо арзиши умумии 252,0 миллион доллари ШМА ба имзо расонида шуданд.

Давоми соли 2022 низ Тоҷикистону Туркия якчанд корҳои назаррасро дар соҳаи саноат, алалхусус саноати сабук ва саноати нассоҷӣ дар доираи платформаҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла Комиссияи болозикр, форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва вохӯрию нишастҳои маҷозӣ бо масъулини вазорату идораҳо, ассотсиасияву ташкилоти тиҷоратӣ ва коршиносону ширкатҳои тоҷикию туркӣ ба сомон расонданд.

Дар баробари масъалаҳои болозикр ҷиҳати мустақиму ғайримустақим рушд додани ҳамкорӣ дар соҳи саноат ва ташкили инфрасохтори тиҷоратии зарурӣ мо афзалияти аввалиндараҷаро дар давраи кӯтоҳмӯҳлат ба масъалаҳои зерин медиҳем, аз ҷумла дар ҳамкорӣ ва дар заминаи таҷрибаи ширкатҳои туркӣ бунёди «Маркази намоишгоҳ» дар шаҳри Душанбе, таъсиси фонди муштараки сармоягузорӣ, ҷудо кардани қарзҳои содиротӣ ва бунёди бонкҳои тиҷоратии муштарак, инчунин намояндагии бонкҳои туркӣ, рушди инфрасохтори тиҷоратии ҷонибҳо ҷиҳати мусоидат ба бахши хусусии Тоҷикистон ва Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятнок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шартҳои мутақобилан судманд.

Соли 2022 гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо Туркия 351,2 млн доллари ИМА (6,5% гардиши савдои мамлакат)-ро ташкил дод.

Дар самти сармоягузорӣ низ ҷонибҳо корбариҳоро дар сатҳи хуб ба роҳ монда, маҷмӯан, солҳои 2007-2022 ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус саноат, хизматрасонӣ ва савдо беш аз 215 млн. доллари ИМА (2%-и ҳаҷми умуми воридоти сармояи хориҷӣ) сармояи туркӣ, аз ҷумла доираи 115 млн. доллари ИМА (2,2% аз ҳаҷми умуми воридоти сармояи мустақими хориҷӣ) сармояи мустақим ҷалб гардида, аз рӯи ин нишондиҳандаҳо мутаносибан дар мавқеи 14 ва 9 дар байни кишварҳои хориҷӣ ҷойгир шудааст.

10 ноябри соли 2022 зимни сафари Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш ба Душанбе Форуми соҳибкории Тоҷикистону Туркия баргузор гардида, якчанд санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла «Харитаи роҳ оид ба афзоиши гардиши мол то 1 млрд. доллари ИМА байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия барои давраи солҳои 2023-2025» ба имзо расонида шуданд.

Имрӯз дар ҳудуди Тоҷикистон тақрибан 150 ширкати муштарак ё танҳо ба Туркия тааллуқдошта дар бахшҳои мухталиф фаъолият мекунанд. «Coca-Cola İçecek A.Ş» ва AKIA яке аз он ширкатҳои фаъолияткунандаи муваффақ буда, музокирот бо ширкатҳои дигар барои таъсиси корхонаҳои муштарак идома дорад. Илова бар ин, Тоҷикистон ҳадаф дорад бо таъсиси корхонаҳои муштарак бо Туркия дар соҳаҳои тилло, маъдан, коркарди пахта, алюминий ва дигар соҳаҳо ҳамкорӣ кунад.

Дар тӯли 31 сол ширкатҳои туркӣ дар тендерҳои лоиҳаҳои гуногун ба маблағи 500 миллион доллари ШМА дар Тоҷикистон иштирок намудаанд. Аз ҷониби дигар, Дафтари ТИКА дар Душанбе бо мақсади таҳкими робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ду давлат кори худро бомуваффақият анҷом медиҳад. Тавассути ТИКА даҳҳо лоиҳа бо арзиши тақрибан 50 миллион доллари ШМА амалӣ шуданд.

Мо бо Туркия наздикии хос ва арзишҳои муштарак дорем, ки дар он мероси фарҳангиеро мубодила мекунем, ки аз мутафаккирони бузург ва шахсиятҳои арзишманд, бахусус Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ ибтидо мегиранд. Муносибатҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва эҳсосоти самимӣ байни мардумони ду давлат асоси муносибатҳои моро ташкил медиҳанд. Мо чунин мешуморем, ки ин мерос бояд барои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун самаранок истифода шавад.

Дар Тоҷикистон зодрӯзи Мавлоно ҳамасола 30 сентябр ҷашн гирифта мешавад. Дар ин замина бо дастгирии ду мамлакат соли 2018 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ бо шиори «Мавлоно- пайвандгари тамаддунҳо» баргузор шуд. Мо нақша дорем, ки имсол ва ё дар оянда рӯзҳои фарҳангиро дар қаламрави якдигар ташкил намоем.

Ҳамкорӣ дар самти маориф байни ду давлат яке аз самтҳои афзалиятнок дониста шуда, донишҷӯёни тоҷик оғоз аз соли 1996 инҷониб дар донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Туркия таҳсил намуда истодаанд. Бо дарназардошти мавҷудияти умумияти муштарак миёни миллатҳои мо бештари донишҷӯёни тоҷик кӯшиш менамоянд, ки таҳсили худро дар донишгоҳҳои олии Туркия идома диҳанд.

Тибқи омори расмӣ, дар айни замон дар донишгоҳҳои олии Туркия ҳудуди 700 донишҷӯи тоҷик дар риштаҳои иқтисодиёт, муносибатҳои байналмилалӣ, фанҳои дақиқ, забономӯзӣ ва муҳандисӣ таҳсил мекунанд.

Дар самти пеш бурдани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф хеле муҳим мебошад. Дар доираи созишномаи мазкур вохӯрии пайвастаи масъулини маорифи ду давлат сурат мегирад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ дар муносибати ду ҷониб нақши арзанда дорад. Мояи хушнудист, ки байни Вазорати фарҳанг ва сайёҳии Туркия ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи муштараки соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Туркия 20 декабри соли 2019 таъсис дода шуд.

Моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи дуюми Комиссияи муштараки Тоҷикистон ва Туркия оид ба сайёҳӣ баргузор гардида, дар доираи он байни сохторҳои мазкур Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба имзо расонида шуд. Инчунин 3 марти соли 2022 дар шаҳри Истанбул Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Туркия бо ҷалби зиёда аз 100 ширкату корхонаҳои соҳаҳои сайёҳии Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.

Ба боварии том метавон гуфт, ки муносибатҳои бародарона, дӯстона ва ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Туркия ояндаи дурахшон дошта, дар ин самт намояндагӣ низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд муаррифӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати иқомат ҳамаи имконот сафарбар карда шаванд.

Ашрафҷон ГУЛОВ,
Сафири Фавқулода ва Мухтори
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Январь 31, 2023 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ масъалаи ҳамкории ду давлатро дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ва Италия Созишнома оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатиро ба имзо расониданд
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи IRAN EXPO-2024 иштирок менамояд
Директори Маркази байналмилалии амнияти об барои иштирок дар Конфронси сеюми оби Душанбе даъват гардид
Дар Бушаҳри Эрон зарфияти иқтисодии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Мо Ҷумҳурии Италияро шарики муҳим ва боэътимоди худ дар Аврупо медонем»
Дар шаҳри Минск Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дэвид Кэмерон: «Британия мехоҳад лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикии истеҳсолкунандаи энергияи сабзро дар Тоҷикистон дастгирӣ кунад»
Байни Душанбе ва Лондон парвозҳои мустақим ба роҳ монда мешаванд
Котиби давлатии Британияи Кабир оид ба корҳои хориҷӣ Дэвид Кэмерон ба Тоҷикистон ташриф овард
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд