Аз моҳи декабр дар Чин бар асари COVID-19 тақрибан 60 000 нафар фавтиданд

Январь 16, 2023 12:20

ДУШАНБЕ, 16.01.2023 /АМИТ «Ховар»/. Дар Чин як моҳ баъд аз оғози манъи сиёсати “таҳаммулпазирии сифрӣ” 59 938 нафар бар асари коронавирус фавтиданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии Reuters иттилоъ медиҳад, дар ин бора намояндаи Комиссияи миллии тандурустӣ (NHC) Тсзяо Яҳуи хабар додааст.

Маълумот давраи аз 8 декабр то 12 январро дар бар мегиранд. 5 503 нафар дар натиҷаи заъфи шуши марбут ба Ковид-19 фавтида, 54 435 фавт аз дигар бемориҳои марбут ба COVID-19 ба қайд гирифта шудаанд.

Синни миёнаи фавтидагон 80,3 солро ташкил дода, аз ҳар даҳ нафари фавтида 9 нафарашон аз 65-сола боло буданд. Шумораи фавт миёни пиронсолон бо сабаби шиддат гирифтани бемориҳои дилу рагҳо байни пиронсолон дар фасли зимистон ва афзоиши бемориҳои роҳҳои нафас нисбатан зиёд гардидааст,-шарҳ дод Тсзяо Яҳуи.

Комиссияи миллии тандурустии кишвар хабар додааст, ки ҳамаи ин фавтҳо дар бемористонҳо сабт шудаанд. Эҳтимол дорад, ки дар хонаҳо низ фавтидагон бошанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Январь 16, 2023 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Арабистони Саудӣ ёддошти шарикӣ бо Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ кард
СУТ 9 ҳолати сироятёбӣ аз табларзаи Марбургро дар Гвинеяи Экваториалӣ тасдиқ кард
Бар асари тӯфону гирдбод дар иёлати Миссисипии Америка 26 нафар ҳалок шуд
Чин додани ҳама намуди раводидро ба шаҳрвандони хориҷӣ аз нав барқарор мекунад
Роҳбари Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ изҳори боварӣ намуд, ки пандемияи COVID-19 соли 2023 ниҳоят ба анҷом мерасад
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. СММ дар бораи ба таври рекордӣ коҳиш ёфтани майдони яхҳои баҳрии Антарктика дар моҳи феврал иттилоъ дод
Ли Тсян раиси нави ҳукумати Чин шуд
Ба Тоҷикистон соли 2022 зиёда аз 10 миллион воя ваксина ворид карда шуд
Бар асари сӯхтори ҷангал дар Австралия садҳо ҳайвон ба ҳалокат расид
Си Ҷинпин дубора ба мақоми раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин барои давраи сеюми панҷсола интихоб карда шуд
Ҳафт нафар бар асари тирпаронӣ дар калисои Шоҳидони Яҳуво дар Олмон ба ҳалокат расиданд
Бар асари фаромадани ярч дар ғарби Индонезия 17 нафар ҳалок шуданд